Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5-6 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар чорабиниҳои ҷамъбастии XV Фестивали ҷумҳуриявии фарҳангҳои миллӣ иштирок намуд, ки он чун анъана намояндагони даҳҳо миллатҳои муқими Беларусро ба ҳам овард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, дар як гӯшаи фестивал мероси ғании фарҳангии халқи тоҷик ба ҳозирин муаррифӣ гардид.
Либосҳои рангини миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ороиши зебои ҳавлии тоҷикон, ки асолат ва анъанаҳои чандинасраи Тоҷикистонро инъикос мекарданд, таваҷҷуҳи махсуси меҳмононро ҷалб намуданд.
Суруд ва рақсҳои миллии намояндагони ҷомеаи тоҷикон, ки бо салиқаи баланд, ҷолибият ва руҳи меҳмоннавозии шарқӣ пешниҳод гардид, зеботарин бахши барнома шуданд.
Меҳмонони фестивал имконият пайдо карданд, ки бо фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии тоҷикон аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.
Фестивал собит намуд, ки гуногунрангии фарҳангӣ яке аз сарватҳои муҳимтарини Беларус ба шумор меравад ва чунин чорабиниҳо ба ҳифзи анъанаҳои миллӣ, рушди ҳамсоягии нек ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумон мусоидат хоҳанд кард.
Зимни фестивал вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гродно Юрий Караев бо роҳбарон ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ баргузор шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус













Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






