Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори қабул гардидани пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа иброз дошт, ки ин рӯйдоди муҳими байналмилалӣ бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳофар, ташаббускор, ҷонибдори таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ин руйдоди фараҳбахш бозгӯи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат ва рисолати таърихии миллати тоҷик дар пешбурди арзишҳои инсондӯстона мебошад.
Гуфта шуд, ки ин иқдоми наҷиб беҳтарин мужда барои тамоми башарият аст. Зеро сулҳу субот, амният, оромишу осоиштагӣ ва ваҳдати ҷомеа заминаи асосии рушди устувор, зиндагии шоиста ва пешрафти давлатҳо буда, аз волотарин арзишҳои тамаддуни инсонӣ ба шумор мераванд.
Дар ҷаласа оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва нақши сарнавиштсози он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ибрози назар гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






