Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфтааст. Маҳз дар заминаи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ соҳаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла илму маориф, рушд ёфта, барои ташаккули неруи зеҳнӣ ва рушди захираҳои инсонӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин нуктаро 12 июн Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва рушди илму маориф дар Тоҷикистон» баргузор гардид, иброз намуд.
Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, маҳз дар шароити сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардидааст, барои рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба мавзуи «Ваҳдати миллӣ – андешаи меҳварӣ дар худшиносии миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори иқтисоди миллӣ» ва дигар самтҳо маъруза намуда, баён карданд, ки сарнавишти таърихии ҳар як миллат бо рӯйдодҳо ва шахсиятҳои тақдирсоз тавъам аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ва печидаи замон нақши таърихӣ мебозанд.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо як ормони идеологӣ, балки пояи асосии давлатдории миллии тоҷикон дар замони муосир мебошад, ки дар таҳкими он нақши Пешвои миллат чун меъмори ваҳдат калидӣ ва тақдирсоз аст.
Дар ҷараёни музокираҳо иштирокдорон доир ба масъалаҳои мубрами рушди илму маориф, таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






