Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид

Июнь 5, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар Намоишгоҳи байналмилалии «Eco Expo Central Asia 2026» дар шаҳри Самарқанд муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки гӯшаи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, ҳамзамон роҳбарии иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии «Eco Expo Central Asia 2026» ба уҳда дошт.

Гӯшаи  Тоҷикистон ба майдони намоиши дастовардҳо, афзалиятҳо ва ташаббусҳои кишвар  дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии устувори захираҳои об ва рушди иқтисоди сабз табдил ёфт.

Меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ имконият пайдо намуданд, ки бо мероси беназири табиии Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхҳо, экосистемаҳои кӯҳӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин тадбирҳои ҳифзи намудҳои нодир ва нобудшавандаи ҳайвонот, аз қабили бабри барфӣ шинос шаванд.

Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Eco Expo Central Asia 2026» бори дигар садоқати ҷумҳуриро ба принсипҳои устувории экологӣ ва ҳамкории минтақавӣ тасдиқ намуда, ҳамзамон имконияти муҳимро барои муаррифии дастовардҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои шарикӣ барои ҳалли муштараки мушкилоти экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ фароҳам овард.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 5, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад