Доир ба ташаббуси таъсиси Ҷоизаи байналмилали Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об конференсия баргузор шуд

Июнь 16, 2026 09:11

ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Ташаббуси таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар конференсия иброз гардид, ки пешниҳоди таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ буда, барои ҳавасмандгардонии олимон, муҳаққиқон, коршиносон ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об саҳми назаррас мегузоранд, заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз давлатҳои пешсаф дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об табдил ёфтааст. Ташаббуси таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об боз як иқдоми муҳим дар самти таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ба ҳисоб меравад.

«Дар шароити афзоиши таҳдидҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои оби тоза ва зарурати истифодаи оқилонаи онҳо, чунин ҷоиза метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва густариши ҳамкории байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Ин ташаббус ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба аҳамияти захираҳои обӣ ва ҷалби донишмандону муҳаққиқон ба омӯзишу ҳалли мушкилоти марбут ба об мусоидат хоҳад намуд», — таъкид доштанд иштирокдорони конферения.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 16, 2026 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад