Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24–26 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE-2026) ва Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин чорабиниҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе баргузор шуда, ба рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкории байнишаҳрӣ, ҷалби сармоягузорӣ, табодули таҷриба ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус пойтахти мамлакат мусоидат менамоянд.
Имсол дар ин форуми байналмилалӣ иштироки намояндагони бахши сайёҳии бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики Душанбе, вазорату идораҳои соҳавии мамлакатҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, сармоягузорон, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои хизматрасонии соҳа дар назар аст. Интизор меравад, ки дар ҷараёни форум масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди шарикӣ байни шаҳрҳо ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ баррасӣ гардида, дар фарҷоми он санадҳои нави ҳамкорӣ байни доираҳои манфиатдор ба имзо расанд.
Бо назардошти таҷрибаи муваффақи солҳои гузашта, интизор меравад, ки DITE-2026 бо иштироки доираи боз ҳам васеи ширкатҳои ватанию хориҷӣ, сармоягузорон, намояндагони шаҳрҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ ба яке аз рӯйдодҳои муҳими тақвими сайёҳии минтақа табдил ёфта, дар муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва рушди иқтисоди сайёҳии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.
Дар доираи DITE-2026 баргузории вохӯриҳои соҳибкорон дар шакли B2B, тренингҳои омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, такмили маҳорати касбии роҳбаладон ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.
«Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026» (DITE-2026) бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъудияти маҳдуди «Сомон Трэвел» ташкил ва баргузор карда мешавад.
Дар доираи Форуми байналмилалӣ ва DITE-2026 намоишгоҳи аксҳо оид ба имкониятҳои табиӣ, таърихиву фарҳангӣ, сайёҳӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин хатсайрҳои сайёҳӣ ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатии пойтахт ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» маротибаи аввал 25 сентябри соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар натиҷаи он байни ширкатҳои иштирокдор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE) бошад аз соли 2024 доир гардида, то имрӯз ба як платформаи бонуфузи байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди ҳамкории тиҷоратӣ табдил ёфтааст. Дар ду давраи баргузории он – солҳои 2024 ва 2025 290 субъекти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла 85 ширкати хориҷӣ аз 18 давлати ҷаҳон иштирок намуда, дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои B2B ва барномаҳои омӯзишӣ барои намояндагони соҳа баргузор карда шуданд.
АКС аз бойгонии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд






