Хоҷагидорони ноҳияи Вахш аз як замин чанд ҳосил ба даст меоранд
ДУШАНБЕ, 07.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагидорони ноҳияи Вахш яке аз саҳмдорони фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои истеъмолии мамлакат буда, ҳамарӯза талош ба он доранд, ки бо меҳнати софдилонаи худ боз ҳам дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ нақши созгору арзанда дошта бошанд. Аз ҷумла, хоҷагии деҳқонии «Файз» бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пешқадаму намунавӣ ба ҳисоб рафта, имсол дар майдони 60 гектар замин пунбадона кишти намудааст. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Пас аз ба итмом расонидани якчанд қоидаҳои агротехникӣ имрӯзҳо кишоварзони хоҷагӣ ба додани нуриҳои минералӣ машғул мебошанд. Хоҷагидорон навъи пахтаи туркии «Қанд» кишт кардаанд, ки аз он соли гузашта зиёда аз 50 сентнерӣ ҳосили фаровон ба даст овардаанд.
Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ Файз Қувватов дар ҳар як гектар аз 60 то 70 килограмм тухмӣ истифода бурда мешавад. Барои ба даст овардани ҳосили баланд, пеш аз ҳама ба сифати тухмӣ ва ба қоидаҳои дурусти агротехникӣ риоя кардан зарур аст.
Хоҷагӣ ҳамасола аз тухмии истеҳсолнамудаи худ истифода мебарад, ки барои зиёд гаштани ҳосилнокӣ кафолати бештар медиҳад. Деҳқонони хоҷагӣ кӯшиш карда истодаанд, ки бо заҳмати софдилонаи худ нақшаи дурнаморо иҷро намуда, ҳаҷми истеҳсолотро афзун гардонанд.
Роҳбари хоҷагӣ Файз Қувватов изҳор дошт, ки талош мекунем то ҷамъоварии ҳосилро аз 10 август оғоз намоем.
Бояд гуфт, ки дар қитъаҳои дигари хоҷагӣ ҳамчунин пиёз парвариш карда мешавад. Имсол барои таҷриба дар қитъаи дигар нахӯд коридаанд, ки ҳосилнокии хуб дорад.
Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ, имкон ҳаст, ки баробари кишти пахта, ин навъи зироат низ корида шавад, дар як замон ду ҳосил рӯёнидан мумкин аст. Нахӯд зироати тобовар буда, дар парвариши он об камтар истифода бурда мешавад. Ё ин ки дар замини алоҳида агар аз моҳи декабр шинонида шавад, дар ин сурат ҳосилнокии он боз ҳам зиёдтар мегардад. Дар як гектар 30 килограмм тухмӣ истифода мешавад. Баъди ҷамъоварии нахӯд метавонад дар кишти такрорӣ пахта, ҷуворимакка ва дигар намуди зироатро кишт намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






