«Ҳифзи суботу оромии кишвар масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад», — бардошт аз ҳамоиш дар мақомоти милитсияи пойтахт

Июнь 27, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши маърифатию тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни ҳамоиш сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода аз талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва рушди устувори кишвар ёдовар шуд.

Дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода оид ба аҳамияти таърихии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, хиради воло ва сиёсати сулҳпарваронаю дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, аз рӯзҳои ниҳоят душвору сангине, ки ба сари миллати тоҷик омада буданд, ёдовар шуд.

Таъкид карда шуд, ки имрӯз барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсту бедордил нигоҳдории суботу оромӣ дар кишвар масъулияти бузург ба шумор меравад

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Июнь 27, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд