Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд

Июнь 21, 2026 21:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имрӯз дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзи фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир гардид.

Дар даромадгоҳи боғ аз ҷониби бахши кишоварзии ноҳия намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардонида шуд. Дар он аз ҷониби деҳқонони ноҳия намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиш дода шуд.

Дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин дар саҳни боғ намоиши намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ: нон ва кулчаҳои гуногун, пухтупазҳои хонагӣ, кулчақандҳо, гулдӯзиҳо, шерозаҳо, сандуқҳо ва гаҳвораҳо баргузор гардид.

Дар намоиши мазкур варзишгарони ноҳия ба сокинону меҳмонон оид ба дастовардҳои соҳаи варзиши ноҳия маълумот пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз 6 июн то 23 августи соли равон ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе доир мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2026 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд