Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ, ки таҳти унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» бо иштироки аҳзоби бонуфузи сиёсии давлатҳои дӯсту ҳамкор 11 июн дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз шаҳри Ҳисор боздид намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомотии иҷроияи ҳокимияяти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Меҳмононро Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва ҷавонони шаҳр тибқи анънаҳои таомули аҷдодӣ, таҳти садои карнаю сурнай бо нону намак истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба шаҳри бостонӣ хайрамақдам гуфтанд.
Меҳмонон аз дараи Алмосӣ, ки бо қарори Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) 8 июли соли 2025 ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ-GIAHS» ворид гардид, боздид намуда, бо боғи гелсос ва токзори минтақа, инчунин дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор меҳмонон бо Регистон, Арки қалъа, Қасри Ҳоким, Аскархона, Амфитеатр ва раставу дӯконҳои ҳунармандии дохили қалъа шинос шуданд.
Дар тарабхонаи «Шаршара» чорабинии пуршукӯҳи шоми фарҳангӣ баргузор шуда, аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






