Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба маълумоти довталабон мерасонад, ки мақомоти ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 адад бурсияҳои таҳсил ҷудо намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар медиҳад.
Ин бурсияҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин дар соли таҳсили 2026–2027 пешбинӣ шуда, ба ҷавонони болаёқат имконият медиҳанд, ки дар риштаҳои гуногуни муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат таҳсил намоянд.
Қабули довталабон барои зинаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура (докторантура) амалӣ карда мешавад.
Барои донишҷӯёни хориҷӣ зиёда аз 200 ихтисос ва барномаҳои таълимӣ пешниҳод гардидааст. Рӯйхати пурраи ихтисосҳо ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дастрас мегардад.
Бурсия хароҷоти асосии таҳсилро фаро гирифта, барои донишҷӯён шароити мусоиди таълим фароҳам меорад.
Тибқи тартиби муқарраргардида, донишҷӯён пеш аз оғози таҳсили асосӣ метавонанд дар машғулияти омодагии забонӣ ва фаннӣ иштирок намоянд.
Давомнокии таҳсил барои таҳсилоти олии касбӣ – 3 сол, бакалавриат – 4 сол, магистратура – 3 сол ва аспирантура – 4 сол муайян шудааст.
Барои қабул ба баъзе ихтисосҳо донистани забони чинӣ талаб карда мешавад. Барои довталабоне, ки забони чиниро намедонанд, таҳсил дар факултети омодагӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон барои дохил шудан ба баъзе донишгоҳҳои бонуфузи Шинҷон супоридани имтиҳони махсуси CSCA ҳатмӣ мебошад.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 20 июни соли 2026 муқаррар гардидааст.
Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳои қабул, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ, интихоби ихтисос ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо довталабон метавонанд ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 ё тариқи телефони 223-23-59 муроҷиат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






