Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо Дуглас Кларк баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон итттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот изҳор гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос дошта, барои таъмини шаффофият, устувории низоми молиявӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти бахши молиявӣ ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкорӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии бахши молиявӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба самти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи самараноки талаботу меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин тақвияти механизмҳои назоратӣ ва идоракунии хавфҳоро баррасӣ намуданд.
Аташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо Дуглас Кларк ҳамкории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар самти тақвияти механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва рушди муносибатҳои минбаъда судманд арзёбӣ кард.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба тадбирҳое, ки бонк барои устувории низоми бонкӣ, риояи талаботи байналмилалӣ оид ба назорат ва идоракунии хавфҳо ва тақвияти комплаенс дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба роҳ мондааст, ибрози андеша намуд.
Дар анҷом мусоҳибон омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва густариши робитаҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор доштанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд






