Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад

Июнь 8, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 20-21 августи соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад. Дар он ширкатҳои саноатӣ, содиркунандагон, сармоягузорон ва соҳибкорон аз кишварҳои гуногун иштирок мекунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Форум ва намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалию ватанӣ баргузор шуда, дар он дастоварҳои соҳаи хӯроквории Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ муаррифӣ мегардад.

Ин чорабинӣ ба рушди саноати хӯрокворӣ, ҷалби сармоягузорӣ, муаррифии технологияҳои муосир, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва густариши ҳамкории тиҷоратӣ бахшида шудааст. Дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди саноати хӯрокворӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 921 корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 15 600 нафар кор мекунанд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди бахшҳои кишоварзӣ ва хӯрокворӣ зоҳир карда мешавад.

Бояд гуфт, ки саноати хӯрокворӣ як бахши стратегии иқтисодиёти Тоҷикистон буда, решаҳои амиқ дар анъанаҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии мардуми тоҷик дорад. Дар тӯли асрҳо сокинони маҳаллӣ усулҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хӯроквориро таҳия ва такмил дода, маҳсулоти беназир ва баландсифат эҷод кардаанд.

Ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин минтақа аз замонҳои қадим ҳамчун маркази истеҳсоли хӯрокҳои серғизо ва босифат машҳур буд. Меваҳои хушки тоҷикӣ дар Роҳи Абрешим талаботи зиёд доштанд. Навъҳои беназири равғанҳои растанӣ ва тухмиҳои тоҷикӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ машҳур буданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 8, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд