Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 май то 11 июн намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Шеняни музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Машварати байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ ин баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии мутахассисон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти татбиқи модели таълимии забони чинӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи маорифи ду давлат арзёбӣ гардид.
Дар доираи барномаи таълимии машварат, иштирокчиён дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иштирок намуда, доир ба низоми муосири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, сиёсати давлатӣ дар самти рушди таҳсилоти касбӣ, таҷрибаи омода намудани кадрҳои баландихтисос ва роҳҳои мутобиқ намудани омӯзиши забон ба талаботи бозори меҳнат маълумоти муфассал гирифтанд.
Ҳамзамон намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи машварати омӯзишӣ дар Конференсияи байналмилалии бародаршаҳрҳои музофоти Ляонин ва Форуми байналмилалии ректорони донишгоҳҳо иштирок намуданд.
Зимни баргузории ин чорабиниҳо масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, таҳсилоти касбӣ ва табодули академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, намояндагони Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ оид ба таҳкими ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҳамчунин иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангии бахшида ба фарҳанги чойи чинӣ, санъати хаттотӣ, мусиқӣ ва операи суннатии чинӣ иштирок намуда, бо арзишҳои фарҳангии ин ҷумҳурӣ аз наздик ошно гардиданд.
Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» барои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи маориф, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, рушди таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






