Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
ДУШАНБЕ,12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштирок дар Форуми байналмилалии «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ», ки бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯсту шарик дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муовини сардори шуъбаи байналмилалии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Сун Хайян дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанг, тамаддун ва мероси ғании халқи тоҷик шинос шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба меҳмонон бо забони чинӣ сайри муфассали осорхонавӣ ташкил карда шуда, дар ҷараёни он меҳмонон бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои бостоншиносӣ, намунаҳои арзишманди таърихиву фарҳангӣ, инчунин дастовардҳои тамаддуни чандҳазорсолаи тоҷикон аз наздик шинос шуданд.
Ҳамзамон оид ба марҳилаҳои асосии рушди давлатдорӣ, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Сун Хайян аз сатҳи баланди ташкилу баргузории намоишгоҳҳо ва муҳтавои ғании толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таассурот ва андешаҳои худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» дарҷ намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






