ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид

Июнь 2, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 02.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи миллатҳо ва давлатҳо рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки аз доираи як тасмими маъмурӣ ё иқдоми соҳавӣ фаротар рафта, ба падидаи муҳимми сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ табдил меёбанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23-юми майи соли 2026 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» маҳз аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад.

— Дар ҷаҳони муосир давлатҳо дар баробари неруи иқтисодӣ ва тавоноии сиёсӣ, бо иқтидори фарҳангӣ ва илмии худ рақобат мекунанд. Аз ин рӯ, давлатҳое дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо менамоянд, ки тавонанд мероси таърихии худро ба сармояи маънавии рушди имрӯз табдил диҳанд.

Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз чунин роҳро интихоб намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони истиқлол масъалаи эҳёи арзишҳои таърихӣ, бузургдошти шахсиятҳои мондагори миллӣ ва таҳкими худшиносии миллиро яке аз меҳварҳои асосии сиёсати давлатӣ қарор доданд.

Тавре Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» иброз доштаанд:

«Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад».

Дар ин суханон дар баробари арзёбии шахсиятҳои таърихӣ, фалсафаи сиёсати фарҳангии Тоҷикистон низ таҷассум ёфтааст.

Ҷоизае, ки аз доираи як мукофоти илмӣ фаротар меравад

Дар муносибатҳои байналмилалии асри XXI илм ба яке аз воситаҳои муҳимми нуфузи давлатҳо табдил ёфтааст. Имрӯз кишварҳои пешрафта аз неруи илмӣ ҳамчун воситаи дипломатияи нарм истифода мебаранд. Ҷоизаҳои Нобел, Ласкер, Абел ва дигар мукофотҳои ҷаҳонӣ танҳо василаи қадрдонии олимон нестанд. Онҳо ба рамзи нуфузи илмӣ ва фарҳангии давлатҳо табдил ёфтаанд.

Аз ҳамин нигоҳ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб қадами муҳим дар ташаккули дипломатияи илмии Тоҷикистон мебошад. Ин ҷоиза ба ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми равшан дорад: миллати тоҷик ҳамчун соҳиби таърихи куҳан, соҳиби мероси илмие мебошад, ки дар рушди тамаддуни башарӣ нақши бунёдӣ гузоштааст.

Дар воқеъ, имрӯз Тоҷикистон мехоҳад мероси Ибни Синоро пос дорад ва онро ҳамчун воситаи ҳамгироии олимон ва табибони ҷаҳон истифода намояд.

Чаро маҳз Абуалӣ ибни Сино?

Дар таърихи башар шахсиятҳои бузурги зиёде зиндагӣ кардаанд, аммо шумораи ками онҳо тавонистаанд, ки ҳазор сол пас аз зиндагии худ ҳамоно дар меҳвари илм ва фарҳанги ҷаҳон қарор дошта бошанд. Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи ҳамин нодиртарин чеҳраҳои таърихи инсоният мебошад.

Сино дар соли 980 дар Афшанаи Бухоро ба дунё омада, дар тӯли умри кӯтоҳи 57-солаи худ беш аз 450 асар таълиф намудааст. Осори ӯ қариб тамоми соҳаҳои донишҳои замони худро фаро гирифтаанд: тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, риёзиёт, мусиқӣ, астрономия ва ахлоқ. Аммо маҳз «Ал-Қонун фи-т-тиб» номи ӯро ба таърихи абадии илм ворид намуд.

Таърихнигори бузурги илм Ҷорҷ Сартон дар бораи Ибни Сино чунин менависад:

«Ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандони тамоми таърихи инсоният мебошад».

Ба гуфтаи ӯ, «Ал-Қонун фи-т-тиб» аз муҳимтарин китобҳои таърихи илми тиб ба шумор меравад.

Файласуф ва мутафаккири маъруфи муосир Сайид Ҳусайн Наср ибни Синоро чунин арзёбӣ мекунад: «Ибни Сино пули пайвандгари тамаддуни Юнон, ҷаҳони ислом ва Аврупои нав мебошад».

Дар ҳақиқат, агар Арасту поягузори низоми фалсафаи классикӣ бошад, ибни Сино онро ба сатҳи нав бардошт ва ба ташаккули афкори илмии асрҳои баъдӣ таъсири бузург расонид.

Шарқшиноси маъруфи олмонӣ Карл Броккелман низ менависад:

«Нуфузи ибни Сино дар таърихи тиб бо нуфузи Арасту дар таърихи фалсафа қобили муқоиса аст».

«Ал-Қонун фи-т-тиб» ва инқилоби илмӣ дар таърихи тиб

Аҳамияти Ибни Сино танҳо дар шумораи зиёди асарҳояш нест. Бузургии Сино дар он аст, ки ӯ ҳамчунин, донишҳои парокандаи тиббии даврони худро ба як низоми мукаммали илмӣ табдил дод. “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар баробари ҷамъбасти донишҳои тиббии пешина будан, ҳамчунин, асаре гардид, ки самти рушди минбаъдаи тибро барои садсолаҳо муайян намуд.

Табиби маъруфи канадоӣ Уилям Ослер менависад:

«Ал-Қонун фи-т-тиб” машҳуртарин китоби тиббӣ дар тамоми таърихи башар аст».

Дар тӯли зиёда аз шаш аср ин асар дар донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупо ҳамчун китоби асосии таълимӣ истифода мешуд.

Донишгоҳҳои Болония, Падуя, Монпеле, Лувен ва бисёр марказҳои дигари илмии Аврупо маҳз тавассути ҳамин асар донишҳои тиббиро ба донишҷӯён меомӯзониданд.

Шарқшиноси амрикоӣ Филип Ҳиттӣ менависад:

«Пас аз Арасту дар таърихи илм камтар шахсияте пайдо мешавад, ки ба андозаи Ибни Сино ба ташаккули тафаккури илмӣ таъсир расонида бошад».

Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид

Арзиши воқеии Ибни Сино дар он аст, ки бисёре аз назарияҳои ӯ имрӯз низ аҳамияти илмии худро нигоҳ доштаанд. Ҳанӯз ҳазор сол пеш табиби беҳамто таъкид мекард, ки пешгирии беморӣ аз табобати он муҳимтар аст.

Сино аҳамияти муҳити зистро дар саломатии инсон шарҳ дода буд. Ӯ таъсири ҳолати равонӣ ба бемориҳои ҷисмониро таҳлил карда, нақши ғизои дуруст, фаъолияти ҷисмонӣ ва хоби солимро асоси нигоҳдории тандурустӣ меҳисобид. Имрӯз ҳамаи ин самтҳо ба соҳаҳои мустақили илм табдил ёфтаанд.

Муҳаққиқони таърихи тиб бар он назаранд, ки бисёре аз ақидаҳои Ибни Сино дар заминаи психосоматика, эпидемиология, саломатии ҷамъиятӣ ва тибби профилактикӣ аз замони худ садсолаҳо пештар буданд.

Яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои андешаи ӯ муносибати инсонмеҳвар ба тиб мебошад. Дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” ӯ таъкид мекунад, ки табиб бояд на танҳо бемориро табобат кунад, балки худи инсонро омӯзад. Ин андеша имрӯз ҳамчун яке аз принсипҳои асосии тибби муосир эътироф шудааст.

Рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон: идомаи мантиқии фарҳанги синоӣ

Бузургдошти номи Ибни Сино дар Тоҷикистон танҳо як эҳтироми рамзӣ нест. Он бо сиёсати амалии давлат дар рушди соҳаи тандурустӣ робитаи мустақим дорад. Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад”.

Ин суханон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ба барномаи амал табдил ёфтанд. Агар соли 2019 маблағгузории соҳа 1 миллиарду 740 миллион сомониро ташкил дода бошад, соли 2024 он ба зиёда аз 3 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар давраи истиқлолият дар мамлакат 2750 муассисаи тандурустӣ сохта шуда, имрӯз шумораи умумии муассисаҳои тиббӣ ба зиёда аз 5130 адад расидааст.

Ҳоло дар мамлакат зиёда аз 21 ҳазор табиб ва беш аз 60 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доранд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки рушди соҳаи тандурустӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст.

Сармоягузорӣ ба дониш – сармоягузорӣ ба оянда

Яке аз дастовардҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ рушди низоми тайёр намудани кадрҳо мебошад. Қабули “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030”, такмили Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии муассисаҳои таълимии тиббӣ далели равшани ин раванд мебошанд. Ҳукумати малакат ҳамасола садҳо донишҷӯ ва омӯзгор барои такмили ихтисос ба марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳон сафар мекунанд.

Пешвои миллат дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид намуданд: “Шумо – устодону омӯзгорони муҳтарам, дар баробари ба шогирдон омӯзонидани илми табобати инсон, ба онҳо маданияти баланди муошират ва хислатҳои хуби инсониро таълим диҳед”.

Ин суханон дар воқеъ бозгӯи фалсафаи тибби Ибни Сино мебошанд. Зеро дар мактаби ӯ табиб танҳо мутахассиси соҳавӣ нест, балки тарбиятгари инсон ва ҳомии арзишҳои ахлоқӣ низ ҳаст.

Тоҷикистон ва дипломатияи илмии асри XXI

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асл оғози марҳилаи нави муаррифии Тоҷикистон дар фазои илмии ҷаҳон мебошад. Имрӯз бисёр кишварҳо тавассути марказҳои илмӣ, ҷоизаҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳои ҷаҳонӣ нуфузи худро тақвият медиҳанд. Тоҷикистон низ бо такя ба мероси яке аз бузургтарин нобиғаҳои таърихи башар имкони табдил ёфтан ба маркази муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи тибро пайдо мекунад.

Ин ҷоиза метавонад муҳаққиқон, табибон ва олимони ҷаҳонро гирди арзишҳое муттаҳид созад, ки ҳазор сол пеш Ибни Сино онҳоро асоси рушди илм медонист: дониш, таҷриба, инсонгароӣ ва масъулияти иҷтимоӣ.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчунин, қадрдонии шахсияти як нобиғаи бузург аст. Ин иқдом эътирофи саҳми таърихии миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ мебошад. Агар ҳазор сол пеш Ибни Сино аз қалби Хуросону Мовароуннаҳр ба рушди афкори илмии ҷаҳон таъсир расонида бошад, имрӯз Тоҷикистон бо таъсиси ин ҷоиза саҳифаи нави ҳамон рисолати таърихиро идома медиҳад.

Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино рамзи пайванди гузашта ва оянда, рамзи ҳамгироии илм ва фарҳанг, рамзи эҳтиром ба дониш ва инсонгароӣ мебошад.

Аз ҳамин нигоҳ, ин ҷоиза таҷассуми сиёсати давлатсозиест, ки ба неруи илм, арзишҳои фарҳангӣ ва сармояи маънавии миллат такя мекунад. Маҳз ҳамин арзишҳо буданд, ки ҳазор сол пеш Ибни Синоро ба қуллаҳои ҷаҳонии илм расониданд ва имрӯз низ метавонанд Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои бонуфузи муколамаи илмӣ ва фарҳангии ҷаҳон табдил диҳанд.

Саид АБДУЛЛОЗОДА,
доктори илмҳои тиб

Июнь 2, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Марҳалаи нави муаррифии саҳми тоҷикон дар рушди илми ҷаҳонӣ оғоз гардид
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Ҳамгироии илм — давлат — ҳуқуқ: се рукни асосии устувории амнияти миллӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ХИРАДЕ, КИ МИЛЛАТРО НАҶОТ ДОД! Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва акси садои он дар арсаи ҷаҳон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин воситаи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад