ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 29.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки донишмандон, муҳаққиқон, шоирон, файласуфон, таърихнигорон, забоншиносон ва фарҳангшиносон паҳлуҳои гуногуни «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсиро мавриди омӯзиш, таҳқиқ, шарҳ ва баҳогузорӣ қарор медиҳанд. Дар ин ҳазорсола «Шоҳнома» ҳамчун ҳамосаи миллӣ, ҳамчун сарчашмаи забони ноб, ҳамчун китоби давлатдорӣ, ҳамчун дастури ахлоқ, ҳамчун хазинаи асотир, ҳамчун таърихи андешаи эронитаборон ва ҳамчун ёдгори бузурги тамаддуни ҷаҳонӣ таҳқиқ шудааст. Ин матлабро Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мақолааш, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардидааст, баён доштааст. Дар зер матни пурраи мақола пешниҳод мегардад.
— «Шоҳнома» танҳо як китоб нест. Ин асар кохи сухан, ойинаи руҳи миллат, номаи сарнавишти инсон, достони хирад, адолат, ватан, табиат ва ҷовидонии фарҳанг аст. Дар он садои кӯҳҳои бостон, хурӯши рӯдҳои куҳан, фурӯғи оташҳои муқаддас, гардиши сипеҳр, нафаси баҳор, андӯҳи тирамоҳ, шукуҳи паҳлавонӣ ва нури хирад ба ҳам омадаанд.
Фирдавсӣ худ аз ҷовидонии ин кохи сухан чунин ёд мекунад:
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.
Аммо ҳар бор, ки ба «Шоҳнома» рӯ меорем, дармеёбем, ки ин асар поён надорад. Ҳар насл аз он маънои тоза меёбад. Ҳар пажуҳишгар аз он равзанаи нав мекушояд. Ҳар хонанда дар он на танҳо гузашта, балки симои имрӯзи худро низ мебинад.
Ман дар ин пажуҳиши худ мехоҳам як паҳлуи муҳим ва бисёр амиқи «Шоҳнома»-ро ба риштаи таҳқиқ кашам: пайванди инсон бо табиат ва таҷассуми қонунҳои табиат дар ин шоҳасари безавол.
Мақсад аз қонунҳои табиат дар «Шоҳнома» танҳо маънои илмии муосири қонунҳои физика ё табиатшиносӣ нест. Дар ин ҷо сухан аз фаҳмиши фалсафӣ, ахлоқӣ ва рамзии табиат меравад. Фирдавсӣ ҷаҳонро ҳамчун низоми зинда мебинад: осмон, офтоб, моҳ, оташ, об, бод, хок, кӯҳ, баҳор, шаб, рӯз ва гардиши сипеҳр ҳама дар «Шоҳнома» танҳо манзара нестанд; онҳо маъно доранд, ишора доранд, ҳикмат доранд.
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба ҳар хонадони мамлакат ройгон тақдим намудани «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, иқдомест, ки арзиши он аз доираи як амали китобӣ фаротар меравад. Ин иқдом бозгардонидани хирад ба хона, пайвастани насли имрӯз бо решаҳои таърихӣ, зинда кардани хотираи миллӣ ва тақвияти эҳсоси худшиносӣ мебошад.
Вақте «Шоҳнома» ба ҳар хона мерасад, ба хона танҳо китоб ворид намешавад. Ба хона хирад, таърих, забони ноб, ойинҳои миллӣ ворид мешаванд. Сиёвуш бо покӣ, Рустам бо далерӣ, Фаридун бо дод, Ҷамшед бо Наврӯз, Ҳушанг бо оташ ва худи Фирдавсӣ бо нури сухан ба хона ворид мешаванд.
Фирдавсӣ аз оғоз хирадро меҳвари ҷаҳон медонад:
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад…
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Дар ин байтҳо калиди фаҳмиши тамоми «Шоҳнома» нуҳуфтааст. Табиатро низ, таърихро низ, давлатро низ, ахлоқро низ бе хирад дарк намудан ғайриимкон аст. Барои Фирдавсӣ хирад танҳо неруи фикрӣ нест; хирад чашми ҷон аст:
Хирад чашми ҷон аст, чун бингарӣ,
Ту бе чашм шодон ҷаҳон наспарӣ.
Дар ҷаҳонбинии Фирдавсӣ табиат китобест, ки Офаридгор онро бо унсурҳои офариниш навиштааст. Дар оғози «Шоҳнома» ӯ аз Худованди кайҳон, сипеҳр, моҳ ва меҳр ёд мекунад:
Худованди Кайҳону гардонсипеҳр,
Фурӯзандаи Моҳу Ноҳиду Меҳр.
Ин байтҳо нишон медиҳанд, ки «Шоҳнома» аз оғоз моро ба фазои кайҳонӣ мебарад. Ҷаҳон дар назари Фирдавсӣ маҷмуи ҳодисаҳои парешон нест; он низом дорад, ҳаракат дорад, рӯшноӣ дорад. Моҳ ва Меҳр, осмон ва сипеҳр, шабу рӯз ва гардиши замон — ҳама дар як тартиби бузург қарор доранд.
Фирдавсӣ дар гуфтори офариниш аз чор гавҳари ҳастӣ — оташ, бод, об ва хок — сухан мегӯяд:
В-аз ӯ мояи гавҳар омад чаҳор,
Бароварда бе ранҷу бе рӯзгор.
Яке оташе баршуда тобнок,
Миён боду об аз бари тирахок.
Чу ин чор гавҳар ба ҷой омаданд,
Зи баҳри сипанҷӣ сарой омаданд.
Ин чор унсур дар «Шоҳнома» танҳо унсурҳои моддӣ нестанд. Оташ — рамзи нур, дониш ва покӣ аст. Об — рамзи ҳаёт, ободӣ ва покизагӣ аст. Хок — рамзи Ватан, модарӣ ва бозгашти инсон ба асли худ аст. Бод — рамзи ҳаракат, нафас ва гузаронии рӯзгор аст.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки қонунҳои табиат дар «Шоҳнома» ҳамзамон қонунҳои ахлоқанд. Агар инсон бо ин унсурҳо ҳамоҳанг бошад, ҷаҳон обод мегардад. Агар инсон аз онҳо сӯистифода кунад, ҷаҳони ӯ ба вайронӣ меравад.
Фирдавсӣ сабзиши ҷаҳонро бо забони зебои шоирона чунин тасвир мекунад:
Чу дарёву чун кӯҳу чун дашту роғ,
Замин шуд ба кирдори равшан чароғ.
Биболид кӯҳ, обҳо бардамид,
Сари рустанӣ сӯи боло кашид.
Дар ин тасвир табиат зинда аст. Кӯҳ меболад, об бармедамад, рустанӣ ба боло сар мекашад. Замин ба чароғ монанд мешавад. Ин фақат тасвири зебоӣ нест; ин фалсафаи ҳаёт аст: ҳастӣ дар ҳаракат аст, табиат дар рушд аст, зиндагӣ ба сӯи рӯшноӣ меравад.
Дар достони Каюмарс, нахустин подшоҳи ҷаҳон, Фирдавсӣ оғозгоҳи зиндагии инсонро бо баҳор, офтоб ва кӯҳ мепайвандад. Ин оғоз бисёр рамзист. Инсон аз табиат ҷудо нест; ӯ аз оғӯши табиат ба таърих ворид мешавад.
Чу омад ба бурҷи Ҳамал офтоб,
Ҷаҳон гашт бо фарру оину об.
Битобид з-он сон зи бурҷи бара,
Ки гетӣ ҷавон гашт аз ӯ яксара.
Каюмарс шуд бар ҷаҳон кадхудой,
Нахустин ба кӯҳ-андарун сохт ҷой.
Баҳор дар ин ҷо танҳо фасл нест; оғози шуури таърихист. Офтоб ба бурҷи Ҳамал меояд, ҷаҳон ҷавон мешавад ва инсон ҷойи худро дар кӯҳ месозад. Кӯҳ рамзи устуворӣ аст, баҳор рамзи эҳё, офтоб рамзи рӯшноӣ. Аз ин се унсур нахустин шакли давлат ва зиндагии инсонӣ падид меояд.
Дар фалсафаи Фирдавсӣ шоҳии нек бояд равшан бошад. Подшоҳ бояд мисли офтоб нур диҳад, мисли кӯҳ устувор бошад ва мисли баҳор ҷаҳонро нав кунад.
Баъд аз Каюмарс, дар достони Ҳушанг, мо ба яке аз муҳимтарин саҳнаҳои робитаи инсон бо табиат мерасем: кашфи оташ. Ҳушанг мореро мебинад, санге ба сӯи он меандозад, санг ба санги дигар мехӯрад ва аз бархӯрди онҳо оташ падид меояд.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Падид омад оташ аз он санг боз.
Ин саҳна ҳам табиӣ аст, ҳам фалсафӣ. Аз нигоҳи табиатшиносӣ ин пайдоиши шарора аз бархӯрди сангҳост. Аммо аз нигоҳи маънавӣ ин таваллуди рӯшноӣ дар таърихи инсон аст. Оташ аз дили санги хомӯш берун меояд. Ин маъно дорад: дар дили табиат роз нуҳуфтааст ва инсон онро бо хирад мекушояд.
Ҳушанг ин фурӯғро неъмати эзадӣ медонад:
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонафарин,
Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ».
Аз ҳамин рӯйдод ҷашни Сада пайдо мешавад:
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.
Сада ҷашни оташ аст, аммо дар умқи худ ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, дониш бар нодонӣ ва зиндагӣ бар сармои маънавист. Ин маросим ба инсон меомӯзад, ки нурро бояд ҳифз кард, оташро бояд ба гармӣ ва рӯшноӣ табдил дод, на ба сӯхтор ва вайронӣ.
Ҳушанг танҳо кашфкунандаи оташ нест. Ӯ инчунин бо ободӣ, кишт ва тартиби зиндагӣ пайванд дорад. Дар замони ӯ инсон аз истеъмоли танҳо мева ба кишоварзӣ ва кор мерасад:
Чу огоҳмардум бар он барфузуд,
Парокандани тухму кишту дуруд.
Басечид пас ҳар касе нони хеш,
Биварзиду бишнохт сомони хеш.
Аз ин пеш, к-ин корҳо шуд басеч,
Набуд хӯрданиҳо ҷуз аз мева ҳеч.
Ин ҷо қонуни дигаре аз табиат зоҳир мешавад: зиндагӣ бе меҳнат ва бе ободонӣ устувор намемонад. Инсон бояд бо замин кор кунад, тухм бикорад, обро ба кишт расонад, нон ба даст оварад. Ин гузариш аз табиати худрӯй ба табиати ободкардашуда аст.
Фирдавсӣ натиҷаи кори Ҳушангро чунин ҷамъбаст мекунад:
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Ин байт барои замони мо низ аҳамияти калон дорад. Обод кардани ҷаҳон танҳо сохтани шаҳрҳо нест; ҳифзи об, пок доштани замин, эҳтиром ба табиат, тарбияи инсон ва барқарории адолат низ ободист.
Яке аз бузургтарин маросимҳое, ки дар «Шоҳнома» бо қонуни табиат пайванд дорад, Наврӯз аст. Наврӯз бо Ҷамшед вобаста мешавад. Ҷамшед дар «Шоҳнома» шоҳест, ки ба ҷаҳон ҳунар, либос, тартиб, шаҳрсозӣ ва шукӯҳ меорад. Вале муҳимтарин лаҳзаи достони ӯ он аст, ки мардум рӯзи бар тахт нишастани ӯро «рӯзи нав» мехонанд.
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андарнишохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷамшед дар миёни ҳаво ба хуршед монанд мешавад. Ин рамзи пайванди замин ва осмон аст. Инсон вақте бо ҳунар ва хирад боло меравад, ба рӯшноӣ наздик мешавад.
Пайдоиши Наврӯз чунин омадааст:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар он тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвадин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Дар байти охир фалсафаи Наврӯз комил ифода ёфтааст: «тан аз ранҷ» ва «дил зи кин» осуда мешавад. Наврӯз танҳо ҷашни баҳор нест; ҷашни покшавии ботин аст. Табиат нав мешавад, то инсон низ нав шавад. Замин сабз мешавад, то дил аз кина пок гардад.
Фирдавсӣ идомаи ин маросимро чунин баён мекунад:
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Наврӯз дар «Шоҳнома» ёдгори зинда аст. Он ҳар сол ба мо мегӯяд: зиндагӣ метавонад аз нав оғоз шавад, агар инсон бо табиат ва бо виҷдони худ оштӣ кунад.
Ҷашни дигаре, ки бо қонунҳои табиат ва ахлоқ пайванд дорад, Меҳргон аст. Меҳргон дар «Шоҳнома» бо пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок вобаста мешавад. Заҳҳок рамзи торикӣ, бедодӣ ва шикастани низоми табиат аст. Фаридун рамзи дод, нур ва барқарории низом мебошад.
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳрёр.
Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳру моҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
Ин ҷо ҷашн пас аз адолат меояд. Яъне, дар ҷаҳонбинии Фирдавсӣ бе дод ҷашни ҳақиқӣ вуҷуд надорад. Вақте зулм меравад, замона «беандӯҳ» мешавад. Гӯё худи ҷаҳон нафаси озод мекашад.
Маросими Меҳргон чунин тасвир мешавад:
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба оини кай ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.
Маи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Дар ин тасвир, оташ, бӯйи хуш, ҷом, моҳ ва шодӣ ҳама бо адолат пайванд мегиранд. Меҳргон ҷашни рӯшноии иҷтимоӣ аст: вақте дод барқарор мешавад, ҷаҳон равшан мегардад.
Дар ин асари безавол ҳангоми овардани Кайқубод аз кӯҳи Албурз, мо боз ба як тасвири бисёр зебои табиат рӯ ба рӯ мешавем. Рустам ба ҷойе мерасад, ки дарахт, об, соя, тахт ва бӯйи мушку гулоб дорад:
Зи як мил роҳ то ба Албурзкӯҳ,
Яке ҷойгаҳ дид бас бошукӯҳ.
Дарахтони бисёру оби равон,
Нишастангаҳи мардуми навҷавон.
Яке тахт бинҳода наздики об,
Бар ӯ рехта мушки нобу гулоб.
Ҷавоне ба кирдори тобандамоҳ,
Нишаста бар он тахт дар соягоҳ.
Ин манзара хеле рамзӣ аст. Кайқубод — подшоҳи оянда — дар муҳити обод пайдо мешавад. Тахт наздики об аст. Дарахт бисёр аст. Соягоҳ ҳаст. Ин ҳама маъно дорад: шоҳии нек бояд аз ободӣ бархезад. Подшоҳи одил бояд мисли об ҳаётбахш, мисли кӯҳ устувор ва мисли моҳ равшан бошад.
Фирдавсӣ он маҷлисро ба биҳишт монанд мекунад:
Биёроста маҷлиси шоҳвор,
Ба сони биҳиште ба рангу нигор.
Дар ин ҷо биҳишт дар замин тасвир мешавад. Вақте об, дарахт, оромиш, меҳмоннавозӣ ва хирад як ҷо ҷамъ мешаванд, замин ранги биҳишт мегирад.
Аммо яке аз баландтарин саҳнаҳои робитаи табиат ва ахлоқ дар «Шоҳнома» достони Сиёвуш аст. Сиёвуш аз оташ мегузарад, то бегуноҳии худро исбот кунад. Дар ин достон оташ танҳо унсури табиат нест; оташ довари ҳақиқат аст.
Сиёвуш аз оташ наметарсад, зеро медонад, ки пок аст:
Ба посух чунин гуфт бо шаҳрёр,
Ки «Дӯзах маро з-ин сухан гашт хор.
Агар кӯҳи оташ бувад, биспарам,
Аз ин нанг хорист, гар нагзарам».
Ин сухан яке аз қуллаҳои ахлоқии «Шоҳнома» аст. Барои Сиёвуш нанг аз оташ сахттар аст. Ӯ мехоҳад ҳақиқат рӯшан шавад, ҳатто агар роҳ аз байни забонаи оташ бигзарад.
Сиёвуш пеш аз ворид шудан ба оташ ба Довари бениёз рӯ меорад:
Сиёвуш чу омад ба оташ фароз,
Ҳаме гуфт бо довари бениёз:
«Маро деҳ аз ин кӯҳи оташ гузар,
Раҳо кун танамро зи банди падар!»
Ва пас аз гузаштан аз оташ, покии ӯ ошкор мешавад:
Зи оташ бурун омад озодмард,
Лабон пур зи ханда, ба рух ҳамчу вард.
Чу ӯро бидиданд, бархост ғав,
Ки омад зи оташ бурун шоҳи нав.
Фирдавсӣ ин воқеаро бо як хулосаи бузурги фалсафӣ ҷамъбаст мекунад:
Чу бахшоиши покяздон бувад,
Дами оташу бод яксон бувад.
Ин байт нишон медиҳад, ки дар «Шоҳнома» табиат бо ахлоқ ҷудо нест. Оташ барои гунаҳкор сӯзанда аст, аммо барои покон роҳи раҳоӣ мешавад. Яъне ҳақиқат ва табиат дар як низоми бузурги маънавӣ қарор доранд.
Қонуни дигари табиат дар «Шоҳнома» қонуни гузарон будаии рӯзгор аст. Фирдавсӣ борҳо ба инсон ҳушдор медиҳад, ки ҷаҳон пойдор нест. Офтоб метобад, вале ғуруб мекунад. Баҳор меояд, аммо тирамоҳ аз паси он аст. Паҳлавонон меҷанганд, аммо саранҷом ба хок бармегарданд.
Фирдавсӣ мегӯяд:
Чунин аст кирдори гардуни пир,
Гаҳе чун камон асту гоҳе чу тир.
Ва дар оғоз низ ҳамин ҳақиқатро бо рамзи борон ва офтоб баён мекунад:
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Ин фалсафаи бузурги ҳастист: табиат ҳам месозад ва ҳам мефарсояд. Борон сабз мекунад, аммо биноҳоро низ фарсуда месозад. Офтоб ҳаёт мебахшад, аммо сангро низ мекоҳонад. Дар муқобили ин гузаронӣ, танҳо хирад, сухани нек ва номи нек боқӣ мемонад.
Аз ҳамин ҷост, ки Фирдавсӣ мегӯяд:
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Ин кохи сухан имрӯз низ побарҷост. Ва ин ки мо баъди ҳазор сол аз «Шоҳнома» сухан мегӯем, худ далели зинда будани ин кох ҳастем.
Ҳамиин тавр, агар бихоҳем натиҷаи ин баҳсро ҷамъбаст кунем, метавонем бигӯем, ки дар «Шоҳнома» табиат панҷ вазифаи бузург дорад.
Аввал, табиат манбаи ҳаёт аст. Об, хок, рӯшноӣ ва баҳор зиндагиро ба ҳаракат меоранд.
Дуюм, табиат манбаи хирад аст. Инсон аз санг оташ меёбад, аз об ободӣ, аз баҳор навшавӣ ва аз сипеҳр гузаршти рӯзгорро меомӯзад.
Сеюм, табиат довари ахлоқ аст. Оташ дар достони Сиёвуш покиро аз туҳмат ҷудо мекунад.
Чаҳорум, табиат рамзи давлатдорист. Шоҳии нек бо ободӣ, дарахт, оби равон, дод ва хирад пайваст аст.
Панҷум, табиат ҳофизаи маросимҳои миллист. Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҳама аз пайванди инсон бо табиат ва ахлоқ сарчашма мегиранд.
Ин ҷо хулоса намудани бамаврид аст, ки имрӯз, ки инсоният бо мушкилоти бузурги сиёсӣ, экологӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯст, бозгашт ба «Шоҳнома» танҳо бозгашт ба гузашта нест. Ин бозгашт ба хирад аст. «Шоҳнома» ба мо меомӯзад, ки табиат танҳо манбаи истифода, балки ҳамсуҳбату устоди инсон ва ойинаи виҷдони ӯст.
Ин асар ба мо мегӯяд: обро эҳтиром кунед, зеро об ҳаёт аст; оташро ба рӯшноӣ табдил диҳед, на ба вайронӣ; заминро обод кунед, зеро хок модари мост; баҳорро ҷашн гиред, аммо пеш аз ҳама дилро нав кунед; адолатро пос доред, зеро бе дод ҷаҳон торик мешавад.
Аз ин рӯ, ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар бораи ба ҳар хонадон тақдим намудани «Шоҳнома» дар шароити имрӯз аҳамияти дучанд дорад. Ин китоб метавонад дар ҳар хона мактаби тарбия бошад: мактаби хирад, забон, худшиносӣ, ватандорӣ, эҳтиром ба табиат ва покии инсонӣ.
Дар анҷоми ин таҳлил мехоҳам таъкид намоям, ки «Шоҳнома» танҳо китоби гузашта нест; он нафаси ҷовидонаи миллат аст. Он аз қаъри ҳазорсолаҳо ба мо мерасад, аммо ҳаргиз кӯҳна намешавад. Ҳар бор ки мо онро мехонем, гӯё рӯ ба рӯи ойинаи бузурги таърих меистем ва дар он на танҳо симои Каюмарсу Ҳушанг, Ҷамшеду Фаридун, Рустаму Сиёвуш, балки симои маънавии худи миллатро мебинем.
Фирдавсӣ суханро ба дараҷае расонд, ки он аз марзи шеър гузашт ва ба сарнавишт табдил ёфт; аз ҳудуди достон берун омад ва ба ҳофизаи миллат пайваст; аз замони худ фаротар рафт ва ба абадият роҳ ёфт. Ӯ аз калима кохе сохт, ки на тӯфони таърих онро фурӯ рехт, на гардиши рӯзгор онро фарсуда кард, на хомӯшии асрҳо онро аз ёдҳо бурд.
Ҳаким худ бо шукӯҳи сухани ҷовидонааш фармудааст:
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Ва имрӯз, пас аз ҳазор сол, мо дар пешгоҳи ҳамин кохи баланд истодаем. Мо мебинем, ки ин кох на аз санг аст, на аз хишт, на аз зар, на аз сим; балки аз хирад, забон, ишқи Ватан, ёди ниёгон, эҳтиром ба табиат ва аз ормони адолат бунёд ёфтааст. Аз ҳамин рӯ, ин кох фурӯ нахоҳад рехт, зеро пояҳои он дар қалби мардум аст.
«Шоҳнома» ба мо меомӯзад, ки инсон бе хирад торик аст, бе табиат бепайванд, бе адолат нотамом ва бе ҳофизаи таърихӣ бепоя. Ба мо таълим медиҳад, ки оташро бояд ба рӯшноӣ табдил дод, обро бояд чун зиндагӣ посдорӣ кард, хокро бояд чун Ватан дӯст дошт, баҳорро бояд дар дил низ эҳё кард ва номи некро бояд аз ҳама ганҷҳои ҷаҳон болотар донист.
Бигзор «Шоҳнома» дар ҳар хонадони мамлакат танҳо китоб дар ҷевон, балки чароғи хона, устоди фарзандон, ҳамсуҳбати падарон, пандномаи модарон, ойинаи ҷавонон ва роҳнамои фардои миллат бошад. Бигзор ҳар хонандаи ин китоби безавол аз он на танҳо қисса, балки хирад; на танҳо ҳикоят, балки ибрат; на танҳо шукӯҳи гузашта, балки масъулияти имрӯз ва умеди ояндаро дарёбад.
Зеро миллате, ки «Шоҳнома» дорад, реша дорад. Миллате, ки Фирдавсӣ дорад, забони ҷовидон дорад. Миллате, ки хирадро пос медорад, аз тӯфонҳои рӯзгор намеҳаросад.
Пас, дар баробари ин шоҳасари безавол бо эҳтиром сар фуруд меорем ва бо ифтихор мегӯем: Фирдавсӣ танҳо шоири як даврон нест; ӯ ҳакими ҳамаи давронҳост. «Шоҳнома» танҳо китоби як миллат нест; он китоби шарафи инсон, китоби хирад, китоби рӯшноӣ ва китоби ҷовидонии фарҳанг аст.
Имрӯз мо бояд бо эҳсоси сипос ва эҳтироми амиқ аз Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ёд орем — аз он марди бузурге, ки умрашро ба эҳёи руҳи миллат, ба посдории забон, ба зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ва ба бунёди кохи ҷовидонаи сухан бахшидааст. Фирдавсӣ на танҳо шоир аст; ӯ посбони ҳофизаи миллӣ, ҳакими розшиноси рӯзгор ва меъмори абадии фарҳанги мост. Ӯ бо қалами сеҳрнок он чиро офарид, ки аз марг, аз фаромӯшӣ, аз гардиши бераҳми замон ва аз хомӯшии асрҳо болотар меистад.
Сухани Фирдавсӣ сухани як фард нест; балки садои ҳазорсолаи миллат, хотираи зиндаи таърих ва неруи маънавии худшиносии мост. Дар ҳар байти ӯ руҳи Ватан, хиради ниёкон, покии табиат, ҷасорати паҳлавонон ва ормони адолати инсонӣ таҷаллӣ мекунад. Ӯ тухми суханро дар хоки таърих афшонд, ва ин тухм баъди ҳазор сол ҳам сабз аст, гул мекунад, нур медиҳад ва миллатро ба шинохти худ, ба посдории забон ва ба эҳтироми решаҳои тамаддунии хеш мехонад.
Аз ҳамин ҷост, ки Фирдавсӣ бо итминони ҳакимона ва бо шукӯҳи ҷовидонаи сухан фармудааст:
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.
Ва ин ҷо аз умқи дил садо мебарояд: Ман низ ба ту офарин мегӯям, эй Фирдавсии бузурги дирӯзу имрӯз ва фардо; эй ҳакими ҷовидон, ки калимаро аз марзи шеър болотар бурдӣ ва онро ба неруи ҳифзи хотираи таърихӣ, ҳувияти миллӣ ва бақои маънавии инсон табдил додӣ.
Дар ин ҷаҳони пурталотум, ки таҳрифгарони таърих мехоҳанд саҳифаҳои гузаштаи миллати маро рабоянд ва бехабарон забони маро шохае бенасаб нишон диҳанд, «Шоҳнома»-и ту чун санади бузурги руҳ, чун девори устувори ҳувият ва чун посбони бедори таърихи миллати ман меистад. Он танҳо асари бадеӣ нест; он хотираи зиндаи тамаддун, низоми маънавии худшиносӣ ва шаҳодати абадии он аст, ки миллат бо забон, бо таърих ва бо хирад зинда мемонад.
Ту ба мо омӯхтӣ, ки таърих танҳо гузаштаи хомӯш нест; он неруи ботинии миллат аст. Забон танҳо воситаи гуфтор нест; он хонаи руҳ аст. Ва адабиёт танҳо зебоии сухан нест; он сипари ҳастии маънавии инсон дар баробари фаромӯшӣ, таҳриф ва нестӣ мебошад.
Аз ин рӯ, имрӯз бо эҳтироми дил ва фурӯтании андеша мегӯям: офарин бар ту, эй Фирдавсии бузург; офарин бар руҳи бедорат, бар хиради безаволат ва бар «Шоҳнома»-и ҷовидонат, ки ҳамоно муҳофизи таърихи миллати ман, посдори забони ман ва чароғи худшиносии мост. Ин аст фарҷоми сухан: ҳар миллате, ки решаҳои худро меҷӯяд, рӯзе ба даргоҳи сухани ту мерасад; ва ҳар диле, ки аз дуздии таърих ва таҳқири забон ба дард меояд, дар «Шоҳнома»-и ту паноҳ, далел ва абадият меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи устувори пешрафти Тоҷикистон мебошад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад






