«ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПЕШВОИ СУЛҲ ВА ТАШАББУСКОРИ ИҚДОМҲОИ ҶАҲОНӢ». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҳизбиён баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Манзил»-и Кумитаи хоҷагии манзилию комуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат–Пешвои сулҳ ва ташаббускори иқдомҳои ҷаҳонӣ» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар добанд, ҳамоиш бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва 29–солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад иброз шуд, ки ин қатънома, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ҷиҳати ҳалли низоъҳо, барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳо, сулҳи пойдор ва фарогир дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити амну босубот барои наслҳои имрӯзу ояндаи ҷаҳон мусоидати фаъол менамояд.
Қабули қатънома далели равшани эътирофи нақши пешоҳанги Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад.
Дар охир ба як зумра кормандони фаъоли Кумитаи хоҷагии манзилию комуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






