РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Қубодиён баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Қубодиён аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Қубодиён раванди корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, то ба имрӯз аз 171 адад бинову иншооти таъиноташон гуногуни ба нақша гирифта шуда, 152 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар суҳбат мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Умедҷон Давлатализода иттилоъ дод, ки дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ онҳо пурра ба истифода дода мешаванд. Раванди чунин ободкориҳо бори дигар собит сохт, ки ҳатто сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳия пайи обод намудани маҳали зист буда, дар доираи имконоти мавҷуда саҳми хешро дар ободии як гӯшаи Ватан мегузоранд.
Ноҳияи Қубодиён беш 195 ҳазор аҳолӣ дорад. Ноҳия аслан кишоварзӣ буда, деҳқонони заҳматқарини он бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми ниҳоят арзишманд доранд. Дар зиёда аз 3 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия кишту парвариши ҳама гуна зироат роҳандозӣ гардида, кишоварзон ҳамасола ҳосили баланд ба даст оварда, дар содирот намудани маҳсулоти босифати истеҳсолнамудаи худ пешсаф ҳам мебошанд.
Дар баробари рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳаи саноат низ дар ноҳия бамаротиб беҳтар мегардад. Ба хотири тақвият додани соҳа, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минтақаи саноатӣ бунёд гардидааст, ки дар он 37 нафар соҳибкорони маҳаллӣ ба истеҳсолот машғул буда, бозори истеъмолии ноҳияро ба маҳсулоти хушсифати худӣ таъмин менамоянд.
Дар ин рӯз ба сокинон ҳунарҳои мардуми ва мавзеъҳои таърихии ноҳия низ муаррифӣ гардид. Гуфта шуд, ки ноҳияи Қубодиён ҷузъи таърихи қадимаи тоҷикон буда, дар ин ҷо мавзеъҳои зиёди таърихӣ, ба монанди Қалъаи Мир, Тахти сангин, Тахти Қубод, Шоҳтеппа ва ғайра ҷойгир буда, макони сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Инчунин касбу ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ,оҳангарӣ, гулдӯзӣ,қуроқдузӣ ва ғайра бо шарофати истиқлолияти давлатӣ бори дигар эҳё гардиданд.
Мунира АБДУСАЛОМОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»



























Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






