САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори дахлдор, моҳи октябри соли 2025 дар назди Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис ёфта буд, ки мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, рушди фаъолияти волонтёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, иштирок дар аксия ва ҳамоишҳои экологӣ, инчунин ҳавасмандгардонии сокинон дар самти тозагию ободонии пойтахт мебошад. Танҳо дар панҷ моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт аз ҷониби аъзои ин клуб 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ҳар ҳафта бо иштироки фаъолонаи аъзои Клуби «Волонтёрони экологӣ» дар шаҳраку маҳаллаҳо, каналҳо, манбаъҳои обӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аксияҳои экологӣ гузаронида мешавад. Дар ин аксияҳо волонтёрон ҳудуди соҳили дарёву каналҳо, шаҳраку маҳаллаҳоро аз партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ менамоянд.
Дар аксияҳои экологӣ дар баробари иштироки фаъолонаи аъзои Клуби «Волонтёрони экологӣ» дар назди Раиси шаҳри Душанбе, ҳамчунон кормандони сохторҳои ҷавонон, маориф, тандурустӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои олии Душанбе, муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани пойтахт-шаҳри Душанбе ҳиссагузорӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ҳолати 30 марти соли 2026 дар кӯчаю хиёбонҳо, ҳудуди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо ба миқдори 610289 бех дарахту буттаҳо шинонида шуд, ки аз ин шумора, дарахтони сояафкан 140299 бех, ороишӣ 271984 бех, мевадиҳанда 105560 бех ва буттагӣ 92446 бехро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






