Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии занон таҳти унвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд сафар намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оила хабар доданд, гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ, ки ба ҳайати он занони шинохтаи мамлакат, аҳли фарҳанг ва фаъолони ҷомеа шомил гардидаанд, то 19 июни соли равон бо сокинони ҷумҳурӣ дар мавзуи аҳамияти пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан мулоқоту суҳбатҳо доир менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими пойдории сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқати сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат чорабинии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони Корвони «Модарони ваҳдатсаро» чандин сол аст, ки ташкил гардида, фаъолзанон ва собиқадорони мамлакат дар суҳбату вохӯриҳо сокинон, бахусус занону духтарон ва ҷавононро ба омӯхтани касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан ва содиқона хизмат кардан ба онро талқин менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






