«ШОҲНОМА – ШОҲАСАРИ МОНДАГОР ВА ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲОИ ОРИЁӢ». Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор шуд

Июнь 16, 2026 16:35

ДУШАНБЕ, 16.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Шоҳнома – шоҳасари мондагор ва пайвандгари наслҳои ориёӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз намуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо як асари адабӣ, балки санади бузурги ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таърихии халқҳои ориёинажод мебошад. Ин шоҳасар дар тули ҳазор сол тавонистааст забон, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва хотираи таърихии мардумони ҳавзаи тамаддуни форсӣ-тоҷикиро ҳифз намояд. Фирдавсӣ бо офаридани «Шоҳнома» рисолати бузурги фарҳангиро анҷом дода, пули мустаҳкаме байни гузашта, имрӯз ва ояндаи миллатҳо бунёд кардааст.

Рудобаи Мукаррам ҳамчунин нақши «Шоҳнома»-ро дар таҳкими худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҷавонон бояд ин мероси гаронбаҳоро ҳамчун мактаби ахлоқ, хирад ва инсонгароӣ омӯзанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён изҳор дошт, ки яке аз розҳои ҷовидонагии ин асар дар он аст, ки Фирдавсӣ тавонистааст ормонҳои инсонӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи таърихии миллатҳоро ба шакли ҳунармандона ва таъсирбахш бозтоб диҳад.

Ба гуфтаи ӯ, «Шоҳнома» китобест, ки дар он инсон бо тамоми бузургӣ ва заъфҳои худ тасвир шудааст ва ҳамин хусусият онро барои ҳар давру замон қобили дарк ва омӯзиш мегардонад. Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки Фирдавсӣ бо забони ноб ва ҳунари баланди шоиронаи худ асаре офаридааст, ки марзҳои ҷуғрофиро убур намуда, ба мероси муштараки башарӣ табдил ёфтааст.

Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён «Шоҳнома»-ро яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар тамаддуни ориёӣ арзёбӣ кард.

«Ин асар на танҳо таърихи устуравию қаҳрамонии мардумони эронинажодро бозгӯ мекунад, балки ҷаҳонбинии онҳоро низ инъикос менамояд»,-афзуд Муҳаммаддовуд Саломиён .

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар маърузаи худ ба робитаи инсон ва табиат дар «Шоҳнома» пардохта, афзуд, ки ин асар бозтобдиҳандаи ҷаҳонбинии амиқи ниёгони мо нисбат ба муҳити зист мебошад.

Изҳор гардид, ки дар достонҳои «Шоҳнома» унсурҳои табиат – замин, об, оташ, бод, баҳор, хазон, шаб, рӯз, моҳу хуршеду ситорагон на танҳо падидаҳои физикӣ, балки арзишҳои муқаддаси фарҳангӣ ба шумор мераванд. Фирдавсӣ табиатро ҳамчун бахши ҷудонашавандаи зиндагии инсон ба тасвир кашидааст.

Номбурда ҳамчунин ба маросимҳо ва ойинҳои марбут ба табиат, аз ҷумла ҷашнҳои бостонии Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон, инчунин расму русуми кишоварзӣ ва суннатҳои мардумӣ ишора намуда, онҳоро нишонаи ҳамоҳангии инсон бо табиат арзёбӣ кард.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки ин ойинҳо дар ташаккули фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардум нақши муҳим доштаанд. Ба андешаи номбурда, омӯзиши ин ҷанбаҳои «Шоҳнома» метавонад барои дарки беҳтари фарҳанги ниёгон ва таҳкими фарҳанги экологӣ дар ҷомеаи имрӯз низ аҳамияти калон дошта бошад.

АКС: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Июнь 16, 2026 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид