Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки соли 2027 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Форуми навбатии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби «С5+1» баргузор гардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ин масъла дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо мудири минтақавӣ оид ба Аврупо ва АвруОсиёи Маркази соҳибкории хусусии байналмилалии назди Палатаи савдои Амрико хонум Наталия Отел Белан ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази соҳибкории хусусии байналмилалии назди Палатаи савдои Амрико (CIPE) дар самти дастгирии бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳкими муколамаи давлату бахши хусусиро мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва густариши имкониятҳои сармоягузорӣ таъкид намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






