Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин ҷаласа, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири кишварии Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминӣ вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Рамазон Раҳимзода ва Искандар Муъминӣ барои таҳким бахшидани ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният, роҳҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин ҷиноятҳои киберӣ изҳори боварӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд






