Тоҷикистон ва Латвия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ густариш медиҳанд

Июнь 10, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро бо Латвия дар бахши инноватсия ва технологияҳои рақамӣ густариш медиҳад. Ин ва дигар масъалаҳои марбути соҳа дар мулоқоти муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Гиртс Яунземс дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия баррасӣ гардид. Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба самтҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими амнияти киберӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва бозомӯзии кадрҳои соҳавӣ ибрози назар намуданд.

Дар анҷом мусоҳибон омодагии худро барои ҷоннок намудани ҳамкории соҳавӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва таҳкими равобит дар самтҳои инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъкид доштанд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад