Зиёда аз 5 ҳазор нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5093 нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамагӣ 59 ҳазору 889 нафар довталаб, аз ҷумла 44 хазору 378 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 9 ҳазор нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, 5520 нафар донишҷӯ, 991 нафар омӯзгор, ходими илмӣ, аспиранту докторант, докторант аз рӯйи ихтисос, докторанти ҳабилитат ва унвонҷӯ, муҳандис, конструктор ва намояндаи касбу кори гуногун дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» иштирок намуданд.
Имсол барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ин нисбат ба соли 2025, ки барои гузаронидани озмун 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, 650 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2025 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони мамлакат таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ чанд маротиба зиёд шуда, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардид.
Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






