35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
МУЪМИНБОД, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ҷамоатҳои Чорсӯ, Балхобӣ, Тутиён, Боғгаӣ, Деҳибаланд, Чашмасорон ва Чилдухтарон идома дошта, сохтмони аксари биноҳои нақшавӣ дар арафаи анҷом қарор дорад.
Тавре мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Муъминобод Файзулло Раҳимов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар маркази ноҳия аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷаинур» сохтмони бинои омор 85%, бинои бойгонӣ 95% ва сохтмони қалъаи Муъминобод 90% ба анҷом расидааст. Беморхонаи марказии ноҳия низ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуда, дар он зиёда аз 30 сохтмончӣ ба кор машғуланд. Баъди ба анҷом расидани корҳои ободонию созандагӣ беморхона бо таҷҳизоти гуногуни тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, барои беморон шароити хуби табобатӣ фароҳам оварда мешавад.
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ҳашари тозагии кӯчаю маҳаллаҳоро мегузаронанд. Сокинон ҳафтае ду маротиба ба ҳашар баромада, муҳити атрофро тоза менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






