Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид

Июль 17, 2026 14:54

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ба 19,2 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 8,1 фоиз зиёд ва саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат 24 фоизро ташкил дод, иброз намуд муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ 17 июл зимни нишасти матбуотӣ.

Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки иқтидори нав, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида барои афзоиш ёфтани нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 заминаи мусоид фароҳам овард.

Ёдовар мешавем, ки маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар нимсолаи охири соли 2025 ба 36,6 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 8,3 фоиз зиёд ва саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 20,7 фоизро ташкил дод.

Коршиносон бар он назаранд, ки афзоиши ҳаҷми маҳсулоти минтақавӣ, пеш аз ҳама, ба рушди бахшҳои хизматрасонӣ, савдо, сохтмон ва соҳибкории хурду миёна вобаста аст. Солҳои охир Душанбе ба маркази ҷалби сармоя, ташкили ҷойи нави кор ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ табдил ёфтааст. Ин омилҳо ба болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мусоидат мекунанд.

Саҳми зиёди Душанбе дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз як тараф нишонаи пешрафт буда, аз ҷониби дигар зарурати тақвияти иқтидори истеҳсолии минтақаҳои дигарро ба миён меорад. Бо идомаи ислоҳот, ҷалби сармоя ва рушди бахшҳои истеҳсолӣ, интизор меравад, ки нақши пойтахт дар рушди иқтисоди Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёбад

Бахтиёр Шарифӣ афзуд, ки дар шаш моҳи соли 2026 аз ҷониби 831 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба беш аз 4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 883 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 25 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар самти таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми умумии воридоти сормояи хориҷӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2026 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд