Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад

Июль 14, 2026 10:57

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди он ки истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба саломатии инсон зарар дорад, аммо истифодаи он дар шаш моҳи  соли 2026 беш аз 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Истифодабарандагони ин моддаҳои зарарнок дар Тоҷикистон киҳо мебошанд? Дар робита ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар чунин посух дод: «Дар мамлакат истифодабарандагон ё истеъмолкунандагони ин моддаҳои сахттаъсир, ки ба саломатӣ зарари калон доранд, бештар ҷавонон мебошанд».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли 2026 ба мамлакат 526 килою 316 грамм (ин омор соли 2025 — 155 килою 536 граммро ташкил дода буд) моддаҳои психотропӣ ворид карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2025  370 килограмм ё 3,3 маротиба бештар мебошад. Аз ин миқдор 72 килою 853 граммро метамфетамин (соли 2025 — 152 килою 241 грамм), 5 килою 157 граммро МДМА (10463 ҳаб), 7 граммро фенобарбитал (4 ҳаб), 4017 ҳабро алпразолам ва 448 килою 298 граммро прегабалин (1 957 372 ҳаб) ташкил медиҳанд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ 1 957 372 ҳаб моддаҳои психотропии прегабалин, ки ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст, мусодира карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Бо ташаббуси давлат стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор барои солҳои 2013–2020 ва 2021–2030 қабул гардидаанд, ки ҳадафи онҳо коҳиш додани паҳншавии маводи нашъадор ва таҳкими амнияти ҷомеа мебошад.

Ба иттилои мутахассисон, намудҳои гуногуни воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мавҷуданд, ки истеъмоли онҳо ба саломатӣ зарар дорад. Аксарияти нашъамандоне, ки маводи мухадирро тавассути сӯзандору истифода мебаранд, ба бемориҳои сироятии зардпарвини намуди С, Вируси норасоии масунияти бадан, ВИЧ/ СПИД ва ғайра гирифтор мешаванд.

Масъалаи пешгирии нашъамандӣ имрӯз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Мо бояд ҷавононро аз роҳи нодуруст ва интихоби нодуруст нигоҳ дорем, зеро ояндаи миллат аз насли солиму ҷомеаи солим вобаста аст. Ҷавонон бояд ба қадри саломатии худ расанд ва аз истеъмоли ҳар гуна моддаҳои психотропӣ худдорӣ намоянд, зеро саломатӣ ганҷи бебаҳоест, ки харидани он ғайриимкон аст.

Тавре қаблан иттилоъ додем, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ, ки 13 феврали соли 2026 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, доир ба афзоиш ва паҳн гардидани моддаҳои писохотропӣ, аз ҷумла ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки чунин зуҳурот ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад ва он бояд пешгирӣ карда шавад.

Ҳабибулло Воҳидзода афзуд, ки дар ин самт кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар гурӯҳҳои корӣ ва санҷишҳое, ки дар марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ ва дигар клубҳо оид ба пешгирии истифодаи моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки маводи синтетикӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешавад ва ягон озмоишгоҳ ҳам оид ба истеҳсоли маводи психотропӣ- ҳабҳои синтетикӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд надорад, балки он аз давлатҳои хориҷӣ — давлатҳои ҳамсоя бо ҳар гуна роҳҳои ғайриқонунӣ ворид карда мешавад.

Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб,  моддаҳои психотропии «Прегабалин» дар тиб асосан барои муолиҷаи бемориҳои гуногуни равонӣ- эпилепсия ва асабонияти шадид пешбинӣ гардидааст. Фурӯш ва истеъмоли он танҳо бо дорухат ва тавсияи табибон иҷозат дода мешавад. Вале, мутаассифона, солҳои охир истифодаи ғайримақсадноки ин доруи баландтаъсир дар байни ҷавонону наврасон афзоиш ёфтааст. Истеъмоли ин доруи сахттаъсир метавонад боиси гирифторӣ ба бемориҳои мушкили равонӣ ва паст шудани қобилияти иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон гардад.

Истеъмоли нодурусти доруҳои психотропӣ сабаби суст шудани фаъолияти майна ва қобилияти фикрронӣ, халалдор шудани фаъолияти системаи асаб, пайдо шудани изтироб, депрессия, паст шудани хотира ва диққат, вайроншавии хоб ва хастагии доимӣ ва коҳиш ёфтани қобилияти иҷтимоӣ мегардад.

Бо назардошти тамоюли афзоишёбии истеъмоли ин мавод дар байни наврасон шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват карда мешаванд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд ва барои пешгирии ин омили номатлуб ва ё огоҳ будан аз ҳолати чунин наврасону ҷавонон бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2026 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид