Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шаш моҳи соли 2026 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Нисбат ба волидайни ин ноболиғон тибқи талаботи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор доранд.
Таълиму тарбияи фарзандон яке аз муҳимтарин вазифа ва масъулияти падару модар ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, баъзе волидайн дидаю дониста, талаботи қонун ва ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро поймол намуда, барои таҳсили фарзандон монеа эҷод мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 марти соли 2024 дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки «вақте ки мову шумо фарзанд ба дунё меорем, яке аз вазифаҳои муқаддаси падару модар тарбия кардани фарзанд аст. Мо фарзандонамонро бояд босавод кунем, бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия кунем, то касбу ҳунар гиранд, илм омӯзанд, забон омӯзанд. Вақте фарзанд бесавод мемонад, бе касб мемонад, бе ҳунар мемонад, дар қади кӯча кораш гадоӣ мешавад ё ҷиноят содир мекунад ё маводи мухаддир истеъмол мекунад, яъне дар зиндагӣ доимо азият мекашад».
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандон, бахусус падару модаронро пайваста даъват менамоянд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баланд эҳсос намуда, ҳуқуқи онҳоро ба таҳсил риоя ва барои фаро гирифтани онҳо ба таҳсилоти ҳатмӣ мусоидат намоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






