Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии Ярослав соҳиби се ҷоиза шуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар ҷамъбасти 21-умин Кинофестивали байналмилалии «Дар ҳалқаи оила» дар шаҳри Ярославли Федератсияи Русия 3 ҷоиза ба даст овард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Довфилм» хабар доданд, ҷоизаи якум «Барои беҳтарин нақши мардона», ҷоизаи дуюм «Барои беҳтарин садо ва оҳанги марғуб» ва ҷоизаи саввум Дипломи хоса «Барои суруди саундтрек» дода шуд.
Барои иштирок дар кинофестивал 2759 филм аз 123 давлат дархост пешниҳод гардид. Филми «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивал дар қатори филмҳои Эрон, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Русия, Беларус, Италия, Тунис ба намоиш гузошта шуд. Дар натиҷа 140 филм аз 47 мамлакат мавриди тамошо ва баҳодиҳии ҳакамон қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» истеҳсоли муштараки Тоҷикистону Эрон буда, соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст. Филм аз рӯзгори Далер ном тарбиятгирандаи мактаб-интернат, ки ба суроғи модараш ба сафари тӯлонӣ мебарояд, қисса мекунад.
Филм аз рӯйи филмномаи Бахтиёр Каримов бо коргардонии Муҳиддини Музаффар давоми моҳҳои май-июни соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Муъминобод, Ваҳдат, Норак ва Душанбе ба навор гирифта шудааст. Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ намудаанд.
Дар филм роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, рушду пешрафти шаҳри Душанбе ва манзараҳои баҳори дилфиреби мамлакат, махсусан табиати зебои кӯҳистони водии Зарафшон, мавзеи кӯҳсори Муъминобод ва фарҳангу тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шудааст.
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» то ҳол 9 ҷоиза ба даст овардааст.
АКС: Хадамоти матбуоти «Довфилм»








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






