Роҳи мошингарди Ёвон — Ваҳдат — Норак навсозӣ карда мешавад

Июль 3, 2026 09:52

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ба корҳои бунёдӣ ва навсозии роҳи мошингарди Ёвон – Ваҳдат – Норак оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Маросими оғози корҳои сохтмонӣ, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло анҷом дода мешавад, бо иштироки Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода баргузор гардид.

Таъкид карда шуд, ки татбиқи ин лоиҳа дар партави сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ амалӣ мегардад.

Иброз гардид, ки рушди инфрасохтори роҳҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, бунёди роҳҳои замонавӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагиро идома дода, ҷалби соҳибкоронро ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ медонад.

Саҳми соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло дар оғози ин лоиҳаи роҳсозӣ ҳамчун намунаи ҳамкории самарабахши давлат ва бахши хусусӣ арзёбӣ гардид.

Бо анҷоми лоиҳа ҳаракати нақлиёт дар масири Ёвон – Ваҳдат – Норак беҳтар гардида, сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва робитаҳои байни шаҳру ноҳияҳо боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Июль 3, 2026 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад