Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд

Июль 14, 2026 08:33

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар шаҳри Масқат Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири иқтисоди Салтанати Умон доктор Хамис ибни Сайф ибни Ҳамуд Ал-Ҷобирӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Умон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду давлат барои густариши робитаҳои дуҷониба шароити мусоидро барои татбиқи ташаббусҳои нави иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба вуҷуд овардааст.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии ду кишвар, тақвияти робитаҳои байниидоравӣ, ҷалби сармоягузории мустақим, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, дастгирии ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ, ташкили сафарҳои мутақобили ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони бахши хусусӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷониби умонӣ ҳамчунин рӯнамои Стратегияи миллии рушди Салтанати Умон таҳти унвони «Чашмандози Умон 2040»-ро пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки ҳадафҳо ва самтҳои асосии ин стратегия, аз ҷумла рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, диверсификатсияи иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории байналмилалӣ имконоти навро барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон фароҳам месозанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои идомаи муколамаи мунтазам, густариши ҳамкории амалӣ ва татбиқи ташаббусҳое, ки ба манфиатҳои ду кишвар ҷавобгӯ мебошанд, омодагӣ баён намуда, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқот ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Умон такони тоза хоҳанд бахшид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

Июль 14, 2026 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд