ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июл, сешанбе, 188-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 7, 2026 08:00

7 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулин барои тезонидани корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 неругоҳи хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо доданд.

***

13 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин дармонгоҳ ва шифохонаи хусусӣ дари худро ба рӯи ниёзмандон боз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард.

***

7 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Сингҳ, ки муҳлати сафириаш дар мамлакати мо ба охир расида буд, мулоқот намуданд.

***

7 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш дар маросими тантанавии ифтитоҳи беморхона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил иштирок карданд.

***

7 июли соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шурои сайёҳии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соли 2023 баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба тавсиб расид.

***

Соли 2023 дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури Русия Форум таҳти унвони «Муколама байни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия» баргузор шуд.

7 ИЮЛ:

Рӯзи ҷаҳонии забони суахилӣ.

***

Дар Ҷазираҳои Кайман – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.

***

Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

7 июли соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ бо маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

***

7 июли соли 1754 дар Ню-Йорк Коллеҷи Шоҳ таъсис дода шуд, ки ҳоло ҳамчун Донишгоҳи Колумбия машҳур аст.

***

7 июли соли 1914 Парлумони Австрия барои муқобили Сербия оғоз намудани ҷанг қарор қабул намуд.

***

7 июли соли 1993 дар Иёлати Висконсини Амрико ғолибияти аз ҳама бештари маблағи лоторея ба қайд гирифта шуд, ки маблағи бурд 111 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1917 аввалин маротиба дар Парлумони Эстония интихобот сурат гирифтааст.

***

Соли 1960 дар Арабистони Саудӣ гирифтани маълумоти олӣ барои занон иҷоза дода шуд.

***

Соли 1972 аввалин бор ду зан ба сифати ҷосуси Маркази федералии ҷустуҷӯӣ савганд ёд кардаанд.

 

Июль 7, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш