Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд

Август 27, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи гузаронидани мониторинги назоратӣ ва санҷиши инспексионию корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» дар коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ҳасибии «Ориёнӣ», воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадӣ, 4-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор М. Ҷамолов тааллуқ дорад, маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.

Маҳсулоти мазкур дар ҳаҷми 110 кг тибқи санади дахлдор ҳамчун маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ғайриқобили истифода аз коргоҳ гирифта шуда, барои нобудсозӣ равона карда шуд.

Муайян гардид, ки дар дохили коргоҳ маҳсулоти гуногуни ҳасибӣ, ки бо сабаби нодуруст нигоҳ доштан сифати худро гум карда, ба талаботи регламентҳои техникӣ ҷавобгӯ нест ва инчунин муҳлати истеъмоли баъзе аз онҳо гузаштааст, ошкор гардид.

Ҳамзамон аз маҳсулоти истеҳсолшаванда намунаҳо гирифта шуда, барои муайян намудани нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарӣ ба озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Агентии «Тоҷикстандарт» ирсол гардид.

Бо ин мақсад Агентии «Тоҷикстандарт» аз истеҳсолкунандагон, соҳибкорон ва фурӯшандагон даъват менамояд, ки ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ, борҷомакунӣ ва ҳамлу нақли маҳсулот талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва қоидаҳои бехатарии маҳсулотро қатъиян риоя намоянд.

Соҳибкорон низ бояд барои пешгирии воридшавии маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ ба бозори истеъмолӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд, зеро сифат ва бехатарии маҳсулот кафолати саломатии истеъмолкунандагон ва ҳимояи бозори истеъмолӣ мебошад.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Август 27, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид