АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛИИ СУЛҲОФАРӢ ТО ҚАБУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНӢ. Тоҷикистон бо роҳбарии Абармарди таърихсоз ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб намудааст
ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул намуд. Мо воқеан насли хушбахт ҳастем, ки шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ гардидем. Дар таърихи дипломатияи муосир ташаббусҳое ҳастанд, ки дар доираи манфиатҳои як давлат шакл мегиранд ва ташаббусҳое низ вуҷуд доранд, ки беназиранду моҳияти байналмилалӣ касб намудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда маҳз ба гурӯҳи дуюм мансуб аст.
— Басе рамзӣ аст, ки қатъномаи мазкур аз ҷониби Меъмори сулҳу ваҳдат, сиёсатмадоре, ки оламиён бар хиради сулҳпарваронааш эътимоди бузург доранд, пешниҳод гардид. Боиси ифтихор аст, ки мо бо роҳбарии Пешвои сулҳофар, Абармарде, ки формулаи сулҳашон дар олам назир надорад, ҷодаи сулҳу созандагиро интихоб кардаву бо такя ба ҳамин сиёсат дар масири рушд қадамҳои устувор мегузорем. Дар солҳои аввали истиқлол масъалаи асосӣ барои Тоҷикистон истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ буд. Дар марҳилаи минбаъда сиёсати хориҷии кишвар тадриҷан самтҳои васеътари сулҳ, амният, ҳамкорӣ ва рушди устуворро фаро гирифт. Минбаъд ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла об, иқлим, ҳифзи сарватҳои табиӣ, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва масъалаҳои амниятӣ бо иттифоқи оро қабул гардида, гувоҳи он аст, ки кишвар мехоҳад масъалаҳои миллӣ ва минтақавиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ пайванд диҳад. Муҳим он аст, ки ин раванд аз як таҷрибаи таърихии миллӣ то ибтикори марбут ба некуаҳволии башарият табдил ёфтааст. Ба ибораи дигар, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ба сармояи дипломатии кишвар табдил ёфта, дар шакли ташаббуси глобалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур гардид.
Вожаи сулҳ барои мардуми Тоҷикистон муқаддас буда, бо хотираи талхи ҷанг, ашки талхи модар, интизории фарзанд, бозгашти муҳоҷирони иҷборӣ, эҳёи хонаҳои вайроншуда ва оғози дубораи зиндагӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз ҳамин таҷрибаи таърихӣ асос гардид, ки Пешвои миллат тавассути қатъномаи мавриди назар сулҳро на танҳо ҳамчун арзиши миллӣ, балки ҳамчун масъулияти байналмилалӣ ба маъраз гузоранд. Моҳияти ин рӯйдод бениҳоят фарогир буда, мағзҳоро такон медиҳад то биандешем, ки чӣ гуна метавон имрӯз ҷаҳоне сохт, ки фардо барои наслҳои оянда амнтар, осоишта ва одилонатар бошад?
Посухи ин савол дар қатъномаи зикршуда муъҷаз омадааст: бо муколама, эътимод, таҳаммулпазирӣ, ҳамкорӣ ва пешгирии низоъ. Бояд зикр намуд, ки барои мо сулҳ мафҳуми назариявӣ нест. Ҳамон тавре ёдовар шудем, миллати тоҷик дар солҳои аввали истиқлол таҷрибаи талхи низоъ ва муқовимати дохилиро аз сар гузаронд. Ихтилофи сиёсӣ ба муқовимати мусаллаҳона табдил ёфта, фазои ҷомеаро ноором кард. Давлат бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд ва масъалаи ҳифзи якпорчагии кишвар ба масъалаи ҳаёту мамоти давлатдорӣ табдил ёфт. Дар чунин шароит истиқрори сулҳ аз доираи як ҳадафи сиёсӣ берун рафта, ба масъалаи сарнавишти миллат табдил ёфт.
Ин воқеият ба ҷомеа сабақи бузурге дод: истиқлол ва дар ин замина давлатдорӣ бе суботи сиёсӣ осебпазир аст, рушди иқтисодӣ бе сулҳ душвор мегардад ва ваҳдати миллӣ бе эътимод ва муколама имконнопазир аст. Аз ин нуқтаи назар, консепсияи сулҳи Тоҷикистон барои ташаккули мавқеи байналмилалии кишвар аҳамияти хос пайдо кард. Бо ин далел ташаббуси нави муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон идомаи мантиқии таҷрибаи миллӣ ва гузариши он ба сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ кард.
Муҳимияти қатънома боз дар он зоҳир мегардад, ки он масъалаҳои марбут ба сулҳро аз имрӯз то фардо мадди назар дорад. Сулҳ танҳо вазифаи насли имрӯз нест. Сулҳофарӣ масъулияти ахлоқӣ ва сиёсӣ дар назди наслҳои оянда низ мебошад. Қатъномаи СММ маҳз ҳамин ҷанбаро таъкид намуда, зарурати ба назар гирифтани ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои ояндаро дар равандҳои сиёсӣ ва қабули қарорҳо ба миён мегузорад.
«Ман ба Шумо сулҳ меорам»- аввалин суханҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ замони Роҳбари давлат интихоб шуданашон баён намуданд. Чун азмашон қавӣ буду ният нек, комёб гардиданд. Дар ин робита бояд гуфт, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ шарти асосии пойдории Истиқлоли давлатӣ ва заминаи боэътимоди рушди иқтисодиву иҷтимоии дилхоҳ кишвар маҳсуб мешавад. Хусусан барои халқи Тоҷикистон, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ марҳилаи душвортарини таърихи худро паси сар кард, таъмини сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ масъалаи калидӣ ва бақои давлат ба шумор мерафт. Бо ибтикори Пешвои миллат дар ҳамон шароит, новобаста аз монеаҳои зиёд роҳи музокирот ва оштии миллӣ интихоб гардид. Раванди сулҳи тоҷикон ба марҳилаи тӯлонии музокирот, эътимодсозӣ ва созишҳои сиёсӣ табдил ёфт ва дар ниҳоят 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин таҷриба, ки дар арсаи байналмилалӣ назир надошта, ҳамчун формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмул аст, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ сабақи арзишманд дод: гуфтугӯ, эътимод, таҳаммулпазирӣ, иродаи қавии сиёсӣ ва нияти нек метавонанд барои истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ омили калидӣ бошанд.
Тавре таъкид гардид, дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хосса доранд. Сиёсати сулҳофарӣ дар шароите амалӣ гардид, ки кишвар бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Муҳим аз ҳама, тадбирандешӣ вобаста ба сулҳ ба як ҳадаф маҳдуд нашуд. Он тадриҷан ба асоси сиёсати давлатдорӣ, боиси тақвияти ваҳдати миллӣ ва заминаи рушди минбаъдаи кишвар табдил ёфт. Дар робита ба қабули қатънома Пешвои миллат барҳақ таъкид намуданд, ки «сулҳ танҳо набудани ҷанг нест; сулҳ фарҳанг, масъулият, эҳтироми шаъну шарафи инсон, адолат ва имконияти баробар барои башарият мебошад». Кишваре, ки худ замоне бо ин мушкилӣ дучор буд, имрӯз ҷомеаи байналмилалиро даъват мекунад, ки пешгирии низоъ, гуфтугӯ ва оштиро дар маркази муносибатҳои байналмилалӣ қарор диҳад. Ин як навъ мубаддалшавии таҷрибаи таърихӣ ба дипломатияи сулҳ мебошад, ки назир надорад.
Аз нуқтаи назари сиёсати хориҷӣ ин ташаббус барои Тоҷикистон аҳамияти чандҷониба дорад. Якум, он обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва муколама болотар мебарад. Дуюм, ин ташаббус имконияти нав барои истифодаи таҷрибаи миллии сулҳофарӣ дар дипломатияи байналмилалӣ фароҳам меорад. Сеюм, он мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаҳои амният ва рушди устувор ба ҳам мепайвандад. Чорум, даҳсола барои кишвар имкон фароҳам меорад, ки дар баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, конференсияҳо, форумҳои илмӣ, барномаҳои ҷавонон ва дигар чорабиниҳои марбут ба сулҳ саҳми бориз гузорад.
Ҳамрадиф бо ин аҳамияти ташаббуси навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон дар се сатҳ арзёбӣ кард. Дар сатҳи миллӣ, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро ба арзиши сиёсӣ ва дипломатӣ табдил медиҳад. Дар сатҳи минтақавӣ, ки ба зарурати муколама, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ мувофиқ меояд. Дар сатҳи байналмилалӣ, ки сулҳро бо манфиатҳои наслҳои оянда пайванд менамояд. Бояд дарк намуд, ки ин се сатҳ якдигарро комил кардаанд.
Ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда танҳо як ташаббуси сиёсӣ нест. Он, пеш аз ҳама, нигоҳи дурбинона ба оянда мебошад. Дар ҷаҳоне, ки дар баробари рушди бемайлони техникаву технология низоъҳо шаклҳои нав гирифта, оқибатҳои қарорҳои сиёсӣ аз марзҳои як кишвар фаротар рафта, дар натиҷа хавфу хатар ба ҷони инсоният меафзояд, масъалаи сулҳ моҳияти рӯзафзун касб кардааст. Дар шароити кунунӣ сулҳ бояд ба мафҳуми байнинаслӣ табдил ёбад.
Яке аз ҷузъҳои муҳими қатънома дар мафҳуми «наслҳои оянда» нуҳуфтааст. Ибораи барои «наслҳои оянда» дар номи қатънома танҳо як унвони рамзӣ набуда, он қаробати байнинаслиро дар бар мегирад. Зоҳир шудани таваҷҷуҳи хосса ба ин масъала рамзу ҳикмат дорад. Ҷавонон созандагони ҷаҳони фардо мебошанд. Агар ба онҳо фарҳанги таҳаммулпазирӣ, муколама, эҳтироми гуногунандешӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омӯзонида шавад, онҳо минбаъд метавонанд дар бунёди ҷомеаи осоишта нақши бориз дошта бошанд. Дар бисёр ҷомеа ҷавонон аксаран ҳамчун гурӯҳи иҷтимоие баррасӣ мешаванд, ки бояд тарбия карда шаванд. Аммо дар масъалаи сулҳ онҳо бояд ҳамчун иштирокчиён ва созандагони сулҳ низ шинохта шаванд.
Ҷаҳони муосир бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои амниятӣ, тағйирёбии иқлим, мушкилоти иҷтимоӣ ва дигар хатарҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад. Қарорҳое, ки имрӯз қабул мешаванд, метавонанд ҳаёти наслҳоеро, ки ҳанӯз ба дунё наомадаанд, муайян кунанд. Дурандешии Пешвои миллат боз дар он зоҳир мегардад, ки хулоса намуданд: «Масъулияти давлатҳо набояд танҳо ба ҳалли масъалаҳои имрӯз маҳдуд шавад». Ҷавҳари қатънома низ он аст, ки сиёсати сулҳ бояд ба оянда нигаронида шавад. Яъне, мо бояд на танҳо аз ҷанги имрӯз пешгирӣ кунем, балки сабабҳоеро низ коҳиш диҳем, ки метавонанд дар оянда низоъ ба вуҷуд оваранд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки натиҷаи ин қатъномаро наслҳои фардо эҳсос хоҳанд кард.
Муколама дар қатънома зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» меҳвар мебошад. Муколама маънои онро надорад, ки тарафҳо ҳатман дар як мавқеъ қарор дошта бошанд. Муколама, пеш аз ҳама, маънои эътирофи ҳуқуқи дигарон ба доштани мавқеи дигарро дорад. Дар ҷаҳони мураккаби имрӯз ин фарҳанг аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ҷомеаҳо гуногунанд. Давлатҳо манфиатҳои гуногун доранд. Тамаддунҳо ва фарҳангҳо низ яксон нестанд. Бо назардошти омили мазкур дар қатънома муқаррар шудааст, ки тафовут ва гуногунандешӣ набояд ба муқовимат табдил ёбад. Қатънома зарурати иштироки кӯдакон, ҷавонон ва калонсолонро дар равандҳои марбут ба оянда таъкид мекунад, то ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар сиёсат ва қабули қарорҳо ба назар гирифта шаванд. Ин махсусият шароит фароҳам меорад, то олам ба мактаби бузурги фарҳанги сулҳ табдил ёбад. Мафҳуми фарҳанги сулҳ низ дар ин ҳуҷҷати муҳим ҷойгоҳи хосса дорад. Он ба Оинномаи СММ, Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ асос ёфта, талқин гардидааст, ки ихтилоф бо зӯроварӣ не, балки бо гуфтугӯ ҳал мешавад. Аз ин рӯ, фарҳанги сулҳ бояд аз оила оғоз шавад, дар мактаб идома ёбад, дар ҷомеа рушд кунад ва дар муносибатҳои байни давлатҳо ба меъёри сиёсӣ табдил ёбад.
Омили дигари муҳим он аст, ки қатънома саҳми давлатҳо ва ҷомеаҳоро дар пешбурди сулҳ, оштӣ, ваҳдати миллӣ, эътимодсозӣ ва барқарорсозии баъдинизоъӣ эътироф мекунад. Ҳамчунин дар он таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ ва талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон барои ҳалли масъалаҳои марзӣ бо роҳҳои осоишта истиқбол шудааст.
Табиист, ки тадбирандешиҳо вобаста ба қатъномаи мавриди назар бояд бетаъхир ва судовар бошанд. Зарур аст, ки даҳсолаи зикршуда бояд ба давраи татбиқи барномаҳои мушаххас табдил ёбад. Моҳиятан ва мантиқан дуруст аст, агар дар ин раванд таҳкими дипломатияи пешгирикунанда ва истифодаи муколама барои ҳалли баҳсҳо дар мадди назар қарор гирад. Амалисозии барномаҳои таълимии фарҳанги сулҳ дар байни кӯдакону ҷавонон ва таҳкими муколамаи байни фарҳангҳо ва тамаддунҳо идомаи мантиқии ин раванд бояд бошад. Ҷалби бештари ҷавонон ба равандҳои сулҳофарӣ зарур буда, дар ин замина сулҳофарӣ бо рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тавъам хоҳад гашт. Дар ин ҳолат иқдоми мазкур аз ташаббуси сиёсӣ ба ҳаракати воқеии ҷаҳонӣ табдил меёбад.
Ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳ ниёз дорад. Аммо на ҳама дарк кардаанд, ки сулҳ танҳо масъулияти сарони давлатҳо нест. Он масъулияти ҳар инсон аст. Қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди муҳим дар рӯзномаи байналмилалии сулҳофарӣ мебошад. Бегуфтугӯ сулҳ бо адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон, имконияти баробар ва рушди иҷтимоӣ робитаи мустақим дорад. Аз ин лиҳоз, имрӯз фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи тамаддунҳо барои зиндагии шоистаи наслҳои оянда аҳамияти бунёдӣ касб кардааст.
Истиқрори сулҳ бо фармон ғайриимкон аст. Сулҳ, пеш аз ҳама, эътимод, сабр, гуфтугӯ, гузашт ва дарки манфиати умумимиллиро тақозо мекунад. Маҳз дар ин замина дар кишварамон мафҳумҳои сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ ва таҳаммулпазирӣ тадриҷан ба ҷузъи муҳими андешаи ҷамъиятӣ ва дар баробари истиқлолу озодӣ ба арзиши умумимиллӣ табдил ёфтаанд. Ин раванд махсусан барои насли ҷавон аҳамияти бузург дорад. Насле, ки солҳои ҷанги шаҳрвандиро надидааст, бояд таърихи онро донад, то арзиши сулҳро дуруст дарк кунад. Зеро фаромӯш кардани сабақҳои таърих метавонад ҷомеаро ба такрори иштибоҳҳои гузашта водор созад. Аз ин рӯ, ҳифзи хотираи таърихӣ на танҳо вазифаи муҳаққиқон ва таърихнигорон, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад.
Аз ҷониби дигар, сулҳ вақте арзиш пайдо мекунад, ки ба ваҳдати миллӣ пайванд хӯрад. Дар навбати худ, ваҳдати миллӣ набояд шиори сиёсӣ бошад. Он, пеш аз ҳама, бозгӯи ҳолати иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад, ки дар он шаҳрвандон сарфи назар аз тафовути сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинӣ худро узви як ҷомеа ва як Ватан медонанд. Аз ин нуқтаи назар, сулҳ ва ваҳдат ду мафҳуми аз ҳам ҷудонашавандаанд: сулҳ шароити зиндагии осоиштаро фароҳам меорад, ваҳдат онро пойдор месозад. Суботи сиёсӣ, инчунин барои ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, рушди маорифу тандурустӣ ва татбиқи барномаҳои дарозмуддати иқтисодӣ замина фароҳам меорад.
Кишваре, ки дар ҳолати низоъ қарор дорад, наметавонад неруи худро пурра ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ равона созад. Аз ин рӯ, сулҳро метавон яке аз муҳимтарин шартҳои рушди устувор донист. Роҳ, неругоҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, корхонаҳо ва дигар иншооти созандагӣ танҳо нишонаҳои рушди иқтисодӣ нестанд, онҳо, қабл аз ҳама, натиҷаи истиқрори сулҳу ризояти миллӣ маҳсуб мешаванд.
Дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагӣ мардуми Тоҷикистон имсол 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукуҳу шаҳомат таҷлил менамояд. Ин ҷашн боис мегардад, ки бо истифода аз ҳама шароиту имконот дастовардҳои кишвари мо дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ афзун гардонида шаванд. Зеро ба таъбири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият маънии фароҳамсозии «имконият»-ро дошта, имконият ба давлату Ҳукумат ва ба ҳар фарде, ки дорои тафаккури солим буда, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мавқеи сиёсӣ ва мансубияти динӣ худро соҳибватан мешуморад, аз ин имконият самаранок истифода намуда, дар рушду пешрафт ва ободии кишвар саҳм мегузорад.
Татбиқи самараноки нақшаву барномаҳои сатҳи ҳукуматӣ ва зина ба зина амалӣ гардидани «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030» ва дар ин замина бахшида ба 35-солагии соҳибистиқлолӣ сохта, ба истифода додани иншооти таъиноти гуногун (30 ҳазор) дар саросари ҷумҳурӣ дар баробари ҳусни тоза зам намудан ба симои кишвар инчунин ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум мусоидат менамояд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар баробари сиёсати хирадмандона ва бобарори дохилӣ дар самти сиёсати прогматикии хориҷӣ низ ба муваффақияти назаррас ноил гардид. Дар заминаи сиёсати «дарҳои кушод» Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории судмандро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба роҳ монд. Ба таъбири Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон муаррифӣ намуд». Дар ин росто ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо сарварии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва таъсиргузор барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Хусусан ташаббуси навбатӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, барои солҳои 2027-2036», ки дар арафаи солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ аз ҷониби СММ тавассути қатъномаи махсус қабул гардид, боиси ифтихор ва шарафмандии ҳар фарди ба ору номуси кишварамон мебошад.
«Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, барои солҳои 2027-2036» дар марҳилае қабул гардид, ки мо шоҳиди бозгашти тафаккури кӯҳнаи «блокӣ»-и кишварҳо ва миллатҳо дар ҷаҳон ҳастем. Қувваҳои ҷудокунанда на танҳо хусусияти сиёсӣ доранд, балки имрӯзҳо сиёсати иқтисодӣ ошкоро ҳамчун силоҳ истифода гардида, таҳримҳо, ҷангҳои тиҷоратӣ, сиёсати қарзии мақсаднок, маҳдудият дар дастрасӣ аз манбаъҳои маблағгузорӣ ва назорати сармоягузориҳоро дар бар доранд. Ин омилҳо таҳкурсии сулҳу субот ва шукуфоии ҷомеаи ҷаҳониро, ки якчанд даҳсолаҳо сохта шудааст, коста гардонида, тиҷорати озод, сармоягузориҳои ҷаҳонӣ, навоварӣ ва рақобати одилонаро аз байн бурда, дар маҷмуъ, ба вазъи сиёсию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Албатта, чунин вазъ ба иқтисоди хонаводагӣ низ бе таъсир намемонад.
Ёдоварӣ, андӯхти таҷриба аз таърихи гузаштаи худ ва дину оини ниёгон барои ҳар халқу миллат зарур аст. Зеро бе донистани решаҳои аҷдодии худ фарзандони ҳар миллат наметавонанд дар ҷаҳони имрӯз ҷойгоҳи шоиста дарёбанд. Дар ин росто, хотираи миллати тоҷик пайваста ба имрӯзааш буда, давоми ҳазорсолаҳо то ба имрӯз рисолати башардӯстонаи хешро аз даст надодааст. Таҷрибаи таърихӣ ва амалияи имрӯзаи миллати тоҷик дар роҳи дарёфти сулҳу дӯстӣ, иттиҳод ва ваҳдату ягонагӣ барои бисёр мардумони олам намунаи ибрат буду ҳаст.
Се ҳазор сол пеш ниёгони мо дар Авасто таъкид карда буданд: «Мо ба оине бовар дорем, ки ҷангро нобуд кунад, размафзор (яъне силоҳ)-ро як сӯ гузорад ва хешопайвандӣ (иттиҳоду ваҳдат)-ро фармон диҳад…. (ҳоти 12.9). Ё дар ҷойи дигар пешвои динии ориёиҳо ба пайравони худ ва гурӯҳҳои даргир муроҷиат карда, мегуфт: «Хашмро фурӯ афканед ва худро дар баробари тундхӯӣ неруманд кунед ва … ба мардумони пок бипайвандед!» (Ясна, ҳоти 48)
Ҳатто ҳар навраси ба балоғатрасида мувофиқи он ойини қадим савганд ёд мекард, ки «ман иқрор дорам ва устуворам ба ойине, ки тарафдори халъи силоҳ дар ҷаҳон аст ва дуркунандаи ҳар гуна ситезаву хунрезист». Дар ҷойи дигар омадааст, ки «мо сулҳу саломатиро меситоем, ки ҷангу ситезаро дарҳам бишиканад!». Маҳз ҳамин таъкидҳои сулҳҷӯёнаи ин миллати куҳан дар китоби муқаддаси аҷдодӣ онро ҳамчун миллати сулҳҷӯю сулҳпарвар тарбият ва дар ҷаҳон машҳур карда буд. Вақте сухан дар бораи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ расидани миллати тоҷик меравад, аксар коршиносон таъкид менамоянд, ки хиради азалии миллати тоҷик ғалаба кард. Дарвоқеъ, ин ҳамон хираде ҳаст, ки аз ниёгон мерос монда, дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сари нав эҳё гардид.
Ташаббусҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба обу иқлим, аз қабили соли 2003-Соли байналмилалии «Оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ хусусияти ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва эътимод дар муносибати байни давлатҳоро дошта, дар ин замина ба ҳалли масъалаҳои истифодаи одилона ва самараноки сарватҳои табиии барои ҳаёти инсоният муҳим, ҳалли мушкилоти дарёҳои сарҳадгузар ва давлатҳои поёноб, сохтани неругоҳҳои барқи обӣ аз ҷониби кишварҳо, ҳифзу нигоҳдории захираҳои оби ошомиданӣ дар ҷаҳон мусоидат менамоянд.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон далели ғамхории Роҳбари давлати мо на танҳо нисбат ба масъалаҳои кишвари худ, балки ғамхорӣ нисбат ба мардуми сайёра маҳсуб мешаванд. Барои таҳкими ин амали нек ниёгони мо шиори бузурге ҳам доштаанд, ки дар Авасто ба қарори зайл то ба имрӯз расидааст: «Бояд барои ободонии ҷаҳон кӯшид ва онро ба дурустӣ нигоҳбонӣ кард ва ба сӯи рӯшноӣ бурд» (Ясна, ҳоти 48).
Ва ҷойи дигар омадааст, ки «беҳрӯзӣ аз они касест, ки дигаронро ба беҳрӯзӣ бирасонад» (Ясна, ҳоти 43). Гумон меравад, ки ин яке аз беҳтарин шиорҳои мардонагӣ дар ҷаҳон барои миллати худ ва дигарон аст.
Албатта, он дину ойинҳоеро, ки ёдовар шудем, дигар дар миёни мо нестанд, мо фақат аз тафаккури волои аҷдоди пуршарафи худ ёд мекунем ва барои худ сабақ мегирем. То дониста бошем, ки ин ҷаҳду талошҳо дар роҳи барқарорӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат барои миллати мо падидаи нав набуда, давоми ҳазорсолаҳо дар шарёни миллии мо ҷӯш мезананд ва то абад боқӣ хоҳанд монд.
Боиси ифтихормандист, ки чунин суханони пурҳикматро аҷдоди шарафманди мо гуфтаанд. Итминони комил дорем, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ташаббусҳо ва иқдомҳои бузурги дорои хусусияти ҳамгироию гуманистӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур мешаванд.
Абдураҳим ШОҲИЁН,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,
номзади илмҳои иқтисодӣ








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯИ МУФИД. Истеъмоли мавиз асабро ором ва хотираро мустаҳкам месозад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Хатлон соҳаи маориф қариб ду баробар рушд намудааст
Саҳми Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди равишҳои инноватсионӣ дар таҷлили Истиқлоли давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОН. Ихтироъкорони тоҷик дар шаш моҳ соҳиби 77 нахустпатент шуданд
ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд






