Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи корҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуданд, дар ҳудуди деҳаи Ғарғараи Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII бозёфт гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ хабар доданд.
Ин бозёфт дорои аҳамияти муҳими илмӣ ва таърихӣ буда, дар айни замон аз ҷониби мутахассисон мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти илмӣ қарор дорад. Натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдода пас аз ҷамъбасти корҳои омӯзишӣ дар шакли ҳисоботи илмӣ-таҳлилӣ пешниҳод мегарданд.
Ёдгорӣ дар доираи корҳои муайянсозӣ, шиносоӣ, омӯзиш ва таҳқиқи вазъи ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию бостонии мамлакат кашф гардидааст.
Бозёфти ёдгории нав аҳамияти хос дошта, метавонад барои омӯзиши таърихи бостонӣ, меъморӣ ва рушди фарҳангии минтақа дар асрҳои IX–XII маълумоти арзишманди илмӣ фароҳам оварад.
Корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ дар ин самт идома дошта, натиҷаҳои муфассали онҳо пас аз анҷоми таҳқиқоти илмӣ ба ҷомеа пешниҳод карда мешаванд.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






