Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе китоби рӯзноманигор Саидалӣ Сиддиқ «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар маросими рӯнамоӣ гуфта шуд, ки китоби «Президент сказал: Любите!…» ҳамчун беҳтарин армуғони маънавӣ ва манбаи муҳимми таърихию сиёсӣ барои олимон, донишҷӯён ва аҳли ҷомеа хизмат намуда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ нақши муҳим мегузорад.
Китоб дар Нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст. Дар он муаллиф маводи таҳлилӣ ва мусоҳибаҳоеро, ки то имрӯз нашр шудаанд, ҷамъоварӣ ва чоп кардааст.
Гуфта шуд, ки мавзуъҳое, ки муаллиф дар ин китоб ҷамъоварӣ намудааст, рӯзмарра ва барои хонандагон муҳим мебошанд.
Дар идома таъкид гардид, ки китоб ба рушди маънавию фарҳангии ҷомеа, боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ва таҳкими маърифати сиёсии хонандагон равона гардидааст.
Иброз гардид, ки муаллиф бо нашри ин асари тозанашр тамоми заҳматҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намудааст.
Саидалӣ Сиддиқ дар матбуоти тоҷику хориҷӣ, инчунин дар маҷмуаҳои давлатӣ беш аз 900 очерк, мақола, мусоҳиба ва очерку ҳикояҳо ба чоп расонидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»











ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






