Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд

Август 22, 2026 22:00

ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои  Ишкошим ва Мурғоб баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин ду ноҳия аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар намоиш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуд, ки сокинони пойтахт аз он харидорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баргузор мешаванд.

Итилоъ дода шуд, ки Ишкошим яке аз ноҳияҳои дурдасти  кӯҳистони мамлакат буда, таърихи ин сарзамин аз даврони қадим  ибтидо гирифтааст. Ин ноҳия бо табиати  хушманзараву ёдгориҳои таърихӣ, обҳои минералии шифобахш машҳур аст.  Ҳамасола аз тамоми гӯшаю канори мамлакатҳои дуру наздик теъдоди зиёди беморон барои табобат ва гардишгарони зиёде барои саёҳат ба ин ноҳия меоянд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ноҳияи Ишкошим дорои 103 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ, 26 чашмаи гарму дармонбахш  ва зиёда аз 118 намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад.

Ноҳияи Мурғоб дар баландтарин минтақаи аҳолинишини мамлакат, дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ шудааст. Ин ноҳия бо табиати махсус, кӯҳҳои сарбафалаккашида, кӯлҳои осмониранг ва фарҳанги хоси худ диққати сайёҳони тамоми гӯшаҳои ҷаҳонро ҷалб мекунад. Ноҳия дар масири машҳури Шоҳроҳи Помир қарор дорад, ки қисми таърихии Роҳи Бузурги Абрешим буда, Чинро бо Осиёи Миёна мепайвандад.

Ба иттилои шуъбаи фарҳанги ноҳия, дар Мурғоб омезиши беназири фарҳанги тоҷикони кӯҳистон ва қирғиз ба чашм мерасад. Дар ин макон сайёҳон имкон доранд дар юртаҳои суннатӣ зиндагӣ карда, бо тарзи ҳаёти қадимӣ шинос шаванд. Як намунаи ҳунари мардумии ин ноҳия намад аст. Инчунин маҳсулоти аз намад ва пашми як (қутос) омодашуда, аз ҷумла қолинҳо ва сару либоси хос рамзи ҳунармандии сокинони ноҳия  мебошанд.

Дар ин ҷо бузургтарин неругоҳи офтобӣ дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон сохта шудааст, ки экологияи ноҳияро ҳифз мекунад. Хамчунин Мурғобро биҳишти кӯҳнавардон ва дӯстдорони пиёдагардӣ меҳисобанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 22, 2026 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд