Дар вилояти Хатлон қисми бештари кӯдакон аз омодагӣ ба мактаб берун мемонанд
ДУШАНБЕ, 22.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон сатҳи фарогирии кӯдакон ба марказҳои рушди барвақтии кӯдак тақрибан ба 33 фоиз расидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки қисми зиёди кӯдакони синни томактабӣ ҳанӯз аз низоми муташаккили омодагӣ ба мактаб берун мемонанд. Аз ин рӯ, ба рушди муассисаҳои томактабӣ, шаклҳои хусусии таълим ва марказҳои рушди барвақтии кӯдак бояд суръат бахшида шавад.
Бояд иброз намуд, ки марказҳои инкишофи кӯдак бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани малакаю маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон таъсис дода шудаанд.
Тавре равоншиносон иброз медоранд, масъулияти тарбияи дурусти фарзандон, албатта, бар дӯши падару модар аст. Аммо, дер ё зуд лаҳзае фаро мерасад, ки кӯдак бояд мустақилона ба мактаб ё дигар муассисаҳо равад. Маркази инкишофи кӯдак метавонад кӯдакро ба таҳсил бе иштироки волидон омода созад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






