ДАРКИ АМИҚИ МОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ. Он шарти муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат аст

Август 15, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи истиқлолу иқтилолхоҳӣ яке аз василаҳои муҳими таҳкими ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии башарият ба ҳисоб меравад. Аз шарҳи мафҳум ва моҳияти истиқлол бармеояд, ки дар консепсияи илмҳои сиёсӣ омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии истиқлол барои озодии шахс, баланд бардоштани нуфузи давлату миллат ва ҷудо будани як ҳокимият аз ҳокимияти дигар ҷойгоҳи хосса дорад.

–Мафҳуми истиқлол дар луғатномаи «Деҳхудо» ба маънои бардоштан ва баланд кардан, ба ҷое баланд омадан, дорои амри хеш будан, ҳамл кардан, андак шуморидан омадааст. Аз ин рӯ, истиқлолро заминаи асосии баланд бардоштани мақоми давлат, ҳастии озодии миллат, расидан ба мақомҳои намоёни давлатию ҷамъиятӣ, мустақилона амр кардан, ҳаракат кардан ва дигар омилҳое, ки дар доираи озодии ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд, фаҳмидан мумкин аст.

Шарҳи мафҳуми истиқлол дар луғатномаи «Деҳхудо» ва дар «Фарҳанги забони форсӣ» мантиқан баробаранд. Дар «Фарҳанги забони форсӣ» истиқлол зери нуфузи чизе набудан, ихтиёр ва озодии амал барои идораи комили як давлат дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ будани аъмоли нуфузи ботинӣ ва зоҳирӣ, худмухторӣ омодааст. Омилҳои вобастагӣ надоштан аз чизе, доштани озодии ихтиёрӣ, амалӣ намудани идораи комили мамлакат дар раванди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин худмухтории давлату миллат бе набудани истиқлоли давлатию ҷамъиятӣ ғайриимкон мебошад. Дар луғатномаи дигар, ки марбут ба забони фаронсавист, вожаи истиқлол ба таври васеъ шарҳ дода шудааст, ки аз рӯйи фарогирии мантиқӣ ин мафҳумҳо асоси амалигардонии идоракунии давлатиро нишон медиҳад.

Маънии вожаи истиқлол ҳокимияти олӣ, волоияти ҳокимият, мустақилияти хориҷии давлат ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар корҳои дохилии давлат аст. Дар доираи шарҳи баёни ин вожаҳо мафҳумҳои истиқлоли давлатиро ба истиқлоли миллӣ ва истиқлоли халқӣ шабоҳат додаанд.

Дар сиёсатшиносии муосир истиқлоли шахсӣ ва истиқлоли шаҳрвандӣ мавриди истифода қарор доранд. Бо дарки чунин маънӣ мафҳум ва моҳияти истиқлол ҷанбаҳои назариявӣ, методологӣ ва амалиро касб намуда, фаҳмиши он то андозае таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони хориҷиро низ ҷалб намудааст.

Дар замони феълӣ баррасӣ ва таҳқиқи хусусияти сиёсии истиқлолхоҳӣ ва дигар паҳлуҳои шинохти он пажӯҳиши махсус ба ҳисоб меравад. Дар ин замина Арасту, Т. Гобс, Ж.Ж. Руссо, Ж. Боден, Ҷ. Локк ва дигарон атрофи шинохти истиқлоли сиёсӣ ва ҷойгоҳи он дар ташаккул ва инкишофи давлатҳои истиқлолхоҳ назарҳои мухталиф доранд, ки андешаҳои онҳо мазмунан рушди давлатҳо ва хушбахтии мардумро таҷассум менамоянд. Махсусан дар ташаккул ва инкишофи назарияи истиқлол Жан Боден нақши барҷаста гузошта, чун асосгузори консепсияи истиқлолияти давлатӣ пазируфта шудаааст. Ҳадафи Жан Боден зимни таҳқиқи заминаҳои назариявии истиқлол ба илмҳои сиёсии Ғарб ворид намудани мафҳуми истиқлол мебошад. Ӯ ҳангоми таълифи китобаш таҳти унвони «Шаш китоб дар бораи ҷумҳурӣ» хусусиятҳои дохилӣ ва хориҷии истиқлолро шарҳу тавзеҳ дода, суверенитет (истиқлол)- ро ҳокимияти мутлақ ва абадии шакли давлат донистааст. Аз ин ақида бармеояд, ки дар раванди идоракунии давлатӣ ва таҳкими арзишҳои таърихию сиёсӣ озодии сиёсӣ ва мустақилияти ҳокимиятро маҳз истиқлоли давлатӣ ташаккул медиҳад. Озодии сиёсӣ ва мустақилияти сиёсӣ барои давлат аз чанд ҷиҳат манфиатовар аст:

–таъсири омилҳои сиёсии берунӣ, ки оқибат ба сохти конститутсионии давлат халал ворид месозанд, бо назардошти риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ қобили қабул шуморида намешавад;

–арзишҳои миллӣ, ҳувияти шаҳрвандӣ, суботи сиёсӣ ва боигариҳои миллӣ, ки аз пайдории истиқлоли сиёсӣ ҳифз мешаванд, бе ягон мудохилаи берунӣ таҳти назорати давлати соҳибистиқлол қарор дода мешаванд;

–маънавиёти ҷомеа инкишоф меёбад, сатҳи зиндагии мардум боло мегардад, эҳсоси ватандӯстии ҷомеа авҷ мегирад ва соҳибдавлатию соҳибмиллатӣ барои насли ҷавон ҳамчун мактаби асосии давлатдории миллӣ омӯхта мешавад. Ин омилҳо фаҳмиши сиёсӣ талаб мекунанд, ки сиёҳ аз сафед ва ширин аз талх фарқ карда шаванд.

Ҳеҷ як озодие, ки барои рушди босуботи ҷомеа ва осудаҳолии халқ ҳукумфармо мегардад, меваи талх ба самар намеорад, баръакс ҳосили ширин ва файзу баракати ҷовидонаро таъмин месозад. Дар ин замина масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ василаи муҳимми истиқлоли сиёсӣ шуда метавонад. Олимону муҳаққиқоне, ки маҳз дар самти истиқлолшиносӣ пажӯҳиш кардаанд, бар зиди ҳукуматҳои бемасъулият баромада, давлатҳои истиқлоли сиёсинадоштаро оқибат гирифтори хатари барҳамзанӣ пешгӯӣ мекунанд.

Дар таълимоти Ҷон Локк ин масъала таҳлили худро ёфтааст. Ӯ дар асараш «Ду рисола дар бораи идораи давлатӣ» назарияи истиқлоли сиёсиро байни давлат ва халқ меомӯзад. Дар натиҷа ба хулосае меояд, ки халқ бояд абадан истиқлолият дошта бошад. Аммо баъзе ҷузъиёте вуҷуд доранд, ки вобаста ба мафҳуму таърифҳои истиқлоли олӣ (суверенитет) ва мустақилияти том (независимость») фарқ мекунанд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо андешаҳои дигаре низ мавҷуданд, ки бештар аз вазъи ҷомеа ва муносибатҳои давлатҳои ҷаҳон вобастагӣ доранд.

Таъмини истиқлоли сиёсӣ аз як ҷиҳат маънои пойдор будани давлати миллиро дорад. Ба андешаи Г.Т. Тавадов, «давлати миллӣ ин давлатест, ки аз ҷониби як миллат дар ҳудуди миллӣ ташкил шуда, истиқлоли сиёсӣ ва мустақилияти мардумро дар бар мегирад». Ин фаҳмиш ифодагари он аст, ки доштани истиқлолияти сиёсӣ барои ҳар халқу миллат нишонаи соҳибхтиёрӣ буда, асоси давлати миллиро ташкил медиҳад.

Ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ барои ҳар халқу миллат ғалабаи бузурги миллӣ шинохта мешавад. Зеро аҳамияти он ба хушбахтии халқ, таҳкими давлатдории миллӣ, болоравии шуури сиёсии ҷомеа равона мегардад. Вале шинохти истиқлол дар маҷмуъ фаҳмиши мураккаб нест. Донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мавриди истиқлоли сиёсиро мушарраф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози назар намудааст: «Мардуми тоҷик ба истиқлоли сиёсӣ расидаанд, соҳибихтиёрии миллӣ ба даст овардаанд… Имрӯз бовар ҳосил шуд, ки истиқлолу озодӣ на орзуи дастнорас, балки чизи имконпазир будааст». Дар воқеъ, истиқлол иморати бузургест, ки таҳкурсии онро худшиносӣ, худогоҳӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад. Аз ин дидгоҳ бояд истиқлоли сиёсӣ заминаи асосии тафаккури миллӣ, василаи шинохти арзишҳои башардӯстона ва омили асосии эҳёи таъриху тамаддуни аҷдодии ҳар миллат эътироф гардад.

Ҳамзамон истиқлоли сиёсиро бе назардошти ҳастии муқаддасоти миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Нишону Парчаи рамзҳои асосии пойдории истиқлоли сиёсӣ ба ҳисоб мераванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки «таҳти мафҳуми давлати соҳибистиқлол мо чунин давлатеро дар назар дорем, ки комилан соҳибихтиёр аст, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Нишону Парчам ва муқаддасоти хоси давлатдориаш ворид мегардад, чун давлати озод сиёсати мустақилонаро пеш бурда, дар байни кишварҳои дигари олам мавқеи шоиста меёбад».

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани истиқлоли сиёсӣ омили муҳимми сарҷамъӣ, ҳамраъйию иттиҳод, таҳкими демократия, дунявият ва ягонагӣ мебошад. Доштан ва эътирофи чунин мафҳумҳои ҳуқуқӣ, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меоянд, низоми ҳуқуқии пайдоиш ва далели давлатдории миллиро собит месозанд.

Раванди истиқлолхоҳии Тоҷикистон дар асри 20 аз 9 сентябри соли 1991 оғоз гардид, зеро Тоҷикистон дар ҳамин сана истиқлоли худро эълон кард. Ҳамзамон 16 ноябри соли 1992 ҷаласаи ХVI Шурои олӣ баргузор гардид, ки ин ҷаласа ба масъалаи Ваҳдати миллӣ ва пойдор гардидани суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон дахл дошт. Тақдирсоз будани ҷаласаи ХVI Шурои олӣ дар он зоҳир мегардад, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тақдири худро тавассути ба даст овардани ваҳдати миллӣ эълон дошта, дар ин марҳила ҳукумати қонунӣ кори худро оғоз намуд.

Аҳамияти назариявии истиқлол, ки ба маънии озодию соҳибихтиёрии давлату миллат алоқаманд мебошад, дар амалия низ асоси фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии халқ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоии давлатро ташкил медиҳад. Зеро бурду бохт ва нишондиҳандаҳои назарраси низоми идоракунии давлат маҳз дар заминаи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, соҳаи маорифи мамлакатро агар мисол орем, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор додани биноҳои муассисаҳои таълимӣ ба маротиба зиёд шудаанд.

Вобаста ба рушди соҳаи маориф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 иброз доштанд, ки «агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард». Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Истиқлоли давлатиро асоси пойдории илму маърифат ва омили бунёдии инфрасохтори соҳаҳои гуногуни давлат арзёбӣ кардан мумкин аст. Дар ин замина нақш ва мақоми сарвари сиёсӣ хеле назаррас мебошад.

Назарияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳёи давлатдории миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар сиришти он масъулият, далелнокӣ, таҳлилнамоӣ, муқоисакорӣ, ҳусни баёни фаҳмо, дурандешӣ ва нияти нек барои тақдири миллат ҷойгузин буд, ҳаст ва хоҳад монд. Аз ҳамин нуқтаи назар шинохти назарияи Сарвари давлати тоҷикон дар таҳқиқи олимону ходимони давлатӣ ангезаи бузурги илмӣ ба вуҷуд овардааст.

Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов навиштааст, ки «хиради азалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути сидқан азбар намудан ва ба тарзи хостагинопазир сайқал додани донишҳои энсиклопедӣ, такрор ба такрор дар таҷрибаи зиндагӣ санҷидани онҳо исбот гардидааст, мактаби махсуси давлатсозӣ ва роҳбарии муваффақона аст. Қонунмандиҳои аз нестӣ раҳонидан, ҳаст кардан, ба масири тараққиёти устувор расонидан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани як миллати куҳанбунёди бо тақдири фоҷеабор борҳо рӯбарӯшударо барои насли имрӯз ва оянда ҳамчун сабақ манзур сохт».

Сабақи таърихие, ки барои зиндагии босаодати миллати тоҷик ва шинохти давлати миллӣ дар заминаи таърих, фарҳанг, худшиносии миллӣ ва мубориза ба бадхоҳию ноадолатӣ, махсусан дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боқӣ монд, нуфузи давлат ва миллатро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ боло бурд. Дар ин замина донишҳои энсклопедӣ, хиради азалӣ ва мақоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби давлатсозӣ мубадал гардиданд. Омӯхтани таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо аз бар намудани воқеҳо ва ҳаводиси таърихию сиёсӣ нест, балки таҷрибаи нодири давлатсозию давлатдорист, ки роҳҳои ислоҳ ва уфуқҳои рушди миллиро дар масири таърихи башарият ва дар ояндаи наздику дур нишон додааст. Мақоми Роҳбари давлат, ки бо дарки ҳувиятшиносӣ, воқеият ва ҳақиқатпазирии аҳли ҷомеа боло рафт, тавассути фароҳам овардани имконоти тамоми ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ исботи худро ёфт.

Хулоса, истиқлоли сиёсӣ мафҳуми арзишманди давлатдории миллӣ ва оинаи пурҷилои давлату миллат аст, ки дар он тақдири миллат ва зиндагии шоистаи халқ дида мешавад. Истиқлол консепсияи пуриқтидори илмиест, ки дар шароити имрӯза омӯзиши ҳамаҷонибаи он на танҳо барои халқу миллат зарур аст, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, новобаста аз мавқеи динӣ ва сиёсию этникӣ бояд ба шинохти воқеии он таваҷҷуҳпазир бошанд.

Аҳмияти калидӣ доштани истиқлоли сиёсӣ василаи хушбахтии ҷомеа, рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, эҳёи анъанаҳои неки давлатдорӣ, шинохти арзишҳои миллӣ ва дар маҷмуъ омили асосии рушди ҳар давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин дидгоҳ барои таҳкими истиқлоли сиёсӣ омилҳои зерин мувофиқи мақсад хоҳанд буд:

— ватандӯстӣ ҳамчун ҳадафи асосии халқу миллат;

— тарбия намудани насли ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносии миллӣ;

— ҳифзи амният ва якпорчагии давлат;

— мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҳимоя намудани манфиатҳои давлатию миллӣ.

Имсол мардуми хушиқболи Тоҷикистони соҳибистиқлол 35– солагии Истиқлоли давлатиро бо неруи бузурги ҳамбастагӣ ба назарияи истиқлолхоҳӣ таҷлил менамоянд. Ба таври дастҷамъона ҷашн гирифтани ин санаи муқаддас нишонаи худшиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба Ватан ва Пешвои истиқлолхоҳу сулҳофари тоҷикон мебошад.

Муминшо ХУРРАМЗОДА,
муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ
ва робита бо ҷомеаи
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Август 15, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Муъминобод бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши бошукуҳи адабӣ-фарҳангӣ доир гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон шумораи мактабҳо, хонандагон ва омӯзгорон афзоиш ёфт
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон баргузор мегарданд
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид