Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарони қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки гузашти айём моро ба ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, расонид. Дар ин марҳилаи таърихӣ Тоҷикистони азизи мо ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ба пешрафту дастовардҳои назаррас ноил гашт.
Иброз гардид, ки дар замони зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир барои ҳар давлат ва миллат доштани Қувваҳои Мусаллаҳи аз ҷиҳати донишу малака пешрафта, ҷисман обутобёфта ва бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз муҳим ва зарур мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва фароҳам овардани заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ саҳми бориз доранд. Дар ин солҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ба халқу Ватан ва давлат борҳо собит сохтааст. Махсусан, дар айёми ниҳоят ҳассосу тақдирсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ – давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон таҳдид мекард, қарзи ватандӯстии хешро содиқона иҷро намуд.
«Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мебошад», — таъкид гардид дар вохӯрӣ.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид






