ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 26 сол дар ноҳияи Восеъ 16 муассисаи нав бунёд карда шуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, шумораи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва омӯзгорон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар ноҳия дар соли таҳсили 2025-2026 86 муассисаи соҳаи маориф фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 10 адади он муассисаҳои томактабӣ мебошанд. Ин шумора нисбат ба солҳои 2000-2001 16 адад зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ хабар доданд.
Сохтмони муассисаҳои таълимӣ
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Умедҷон Музаффаров иттилоъ дод, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2026 дар ноҳияи Восеъ 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дорои 8 синфхона бо 192 ҷойи нишаст дар як баст ва бо 384 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд.
Инчунин тибқи нақша дар ноҳия 10 бинои иловагӣ иборат аз 119 синфхона бо фарогирии 2920 ҷойи нишаст дар 1 баст ва дар назди 7 муассисаҳои таълимӣ сохтмони 27 синфхонаи иловагӣ бо теъдоди 715 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад.
Ҳамзамон сохтмони 3 муассисаи томактабии хусусӣ ва 1 муассисаи томактабии давлатӣ оғоз гардидааст.
Имтиёзҳои омӯзгорон
Масъалаи бо истифода аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» дар шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд намудани омӯзгорони ҷавон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳияи Восеъ қарор дорад. Дар доираи ин тадбирҳо дар ноҳия 20 омӯзгор соҳиби қарзи имтиёзнок гардиданд.
Иқдоми мазкур барои хизматҳои арзанда, рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ба роҳ монда шуд.
Олимпиадаҳои фаннӣ
Ҳамин аст, ки дар соли таҳсили 2025-2026 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ дар олимпиадаи вилоятӣ соҳиби 10 медали тилло, 22 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 84 медал, аз ҷумла медали 1 тилло, 6 медали нуқра ва 77 медали биринҷӣ гардиданд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия соли 2025-2026 низ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар умум хонандагон аз олимпиадаҳои байналмилалӣ 379 медал ба даст оварданд. Аз ин шумора 123 нафар медали тилло, 123 нафар медали нуқра ва 133 нафар медали биринҷиро соҳиб гардиданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






