Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Абуалӣ ибни Сино аз бузургтарин донишмандони тоҷик ва нобиғаҳои ҷаҳонӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла фалсафа, тиб, мантиқ, риёзиёт, нуҷум ва ҳандаса саҳми бузург гузоштааст. Осори ӯ давоми асрҳо барои рушди тафаккури илмӣ ва фалсафӣ хизмат намуда, то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ доштааст. Ин нукта дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, нақши ӯ дар рушди илму фарҳанги башарият ва аҳамияти осори гаронбаҳояш маърузаҳо пешниҳод гардиданд. Гуфта шуд, ки Абуалӣ ибни Сино илмро василаи хизмат ба инсон ва ҷомеа медонист. Андешаҳои илмӣ ва фалсафии ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ нақши муҳим дошта, осори ӯ ҳамчун мероси арзишманди илмию фарҳангии халқи тоҷик ва тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Махсусан, ба нақши осори бо забони тоҷикӣ таълифнамудаи Ибни Сино дар рушди забони илмӣ ва фалсафии тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ин замина «Донишнома»-и Ибни Сино намунаи барҷастаи осори илмӣ ва фалсафии ба забони тоҷикӣ таълифшуда арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиш аз андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» доир ба мақому ҷойгоҳи Абуалӣ ибни Сино баён шудаанд, чунин иқтибос оварда шуд: «Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад».
Дар идомаи ҳамоиш аз эҷодиёти ин мутафаккири бузург ғазалу рубоӣ қироат гардида, оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмии Ибни Сино табодули назар карда шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамоиши мазкур барои баланд бардоштани маърифати илмӣ, донишу ҷаҳонбинии кормандон, бахусус ҷавонон, инчунин тарғиби осори илмӣ ва адабии бузургони миллат аҳамияти муҳим доранд.
Бояд гуфт, ки Абуалӣ ибни Сино дар охири асри X ва аввали асри XI зиндагӣ намуда, давоми ҳаёт дар соҳаҳои гуногуни илм осори зиёди илмӣ ва фалсафӣ таълиф кардааст. Шоҳасари ӯ «Қонун фи-т-тиб» дар таърихи илми тиб мақоми хос дошта, давоми асрҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими омӯзиши тиб истифода шудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






