ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Захира намудани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон яке аз роҳҳои беҳтарини таъмини оила бо ғизои солим ва аз витаминҳо бой мебошад.
Солҳои пеш мардум бештар усулҳои анъанавӣ, ба монанди намаккунии сабзавот ва аз меваҳо омода кардани мурабборо истифода мебурданд. Ҳоло бо пешрафти илму технологияи нав ва дастрас гардидани яхдонҳои муосир, пакетҳои махсус ва зарфҳои герметикӣ имконоти нави нигоҳдории маҳсулот пайдо шудаанд. Ин усулҳо имкон медиҳанд, ки таъм, ранг, бӯй ва қисми зиёди моддаҳои ғизоии меваҷоту сабзавот нигоҳ дошта шаванд.
Яке аз чунин усулҳо яхкунонӣ (заморозка) мебошад. Барои ин сабзавот ва меваҷот аввал тоза шуста ва ба андозаи зарурӣ бурида мешаванд. Баъзе сабзавот, аз қабили гулкарам, лӯбиёи сабз, нахӯд, брокколи, исфанох ва сабзӣ пеш аз яхкунӣ 2-3 дақиқа дар оби ҷӯш ва сипас дар оби хунук нигоҳ дошта мешаванд.
Нахӯд ва лӯбиё баъд аз яхкунонӣ фоиданоктар мешаванд. Нахӯдчаи тару тоза ва лӯбиё миқдори зиёди витаминҳои А, Е ва К доранд. Дар яхдон ин сабзавот намуд ва таъми хубро нигоҳ медоранд, вале моддаҳои муфид аллакай баъд аз як ҳафта камтар мешаванд. Яхкунонӣ барои нигоҳдории ин витаминҳо ёрӣ медиҳад. Дар 3 моҳ дар яхдон миқдори витамини Е дар нахӯди сабз кам нашуда, баръакс меафзояд.
Брокколии тару тоза буридашуда сарчашмаи витамини С мебошад. Дар ҳаво брокколи дар 3 рӯз қариб сеяки витамини С-ро гум мекунад, вале дар сармо онро метавон моҳҳо дар ҳолати бетағйир нигоҳ дошт.
Исфанох низ баъд аз яхкунонӣ фоиданоктар мешавад. Ҳамагӣ 200 грамм исфанохи тару тоза меъёри шабонарӯзии витаминҳои А, С ва К ва бештар аз нисфи витамини В9-ро таъмин мекунад. Давоми ҳафта дар яхдон 70%-и витаминҳо гум мешаванд. Барои нигоҳ доштани онҳо исфанохро ях кунонидан беҳтар аст. Консентратсияи витамини С дар сармо ҳатто бештар мешавад. Баргҳои исфанохи тару тоза камтар талх буда, баъд аз яхкунонӣ талхии он меравад.
Кабудиҳоро низ реза карда, баъдан онҳоро хушконида, дар пакетҳои махсус ё зарфҳои пластикӣ гирифта ях кунонидан мумкин аст. Масалан, шибит, кашниз ва ҷаъфарӣ на танҳо таъми таъомро беҳтар мекунанд, инчунин моддаҳои зиёди муфид: витаминҳои А, С, бета-каротин, калий, калтсий доранд. Вақте ки кабудиҳо ба пажмурдашавӣ оғоз мекунанд, онҳо вайрон мешаванд. Дар кабудии яхкунонида витаминҳо ва минералҳо ба муддати дароз нигоҳ дошта мешаванд.
Барои тайёр намудани маҳсулоти нимтайёр низ усулҳои нав истифода карда мешаванд. Масалан, омехтаи сабзавот барои шӯрбо, палав ё хӯрокҳои дигарро пешакӣ омода намуда, дар пакет ҷойгир намуда, ях мекунонанд. Дар фасли зимистон чунин маҳсулот вақти пухтупазро хеле сарфа мекунад.
Аз меваҳо низ метавон афшура, пюре, мураббо, компот ва желе тайёр намуда, дар зарфҳои шишагии безараргардонида нигоҳ дошт. Истифодаи миқдори ками шакар ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба нигоҳ доштани сифати маҳсулот мусоидат мекунад.
Ҳангоми захира намудани меваҷоту сабзавот риояи тозагӣ аҳамияти калон дорад. Зарфҳо ва пакетҳо бояд тоза ва хушк бошанд. Маҳсулоти осебдида ё вайроншударо барои нигоҳдорӣ истифода бурдан мумкин нест. Ҳар баста бояд бо санаи омодасозӣ нишонагузорӣ карда шавад, то муҳлати нигоҳдорӣ назорат гардад.
Тарзи муосири захира намудани меваҷоту сабзавот имкон медиҳад, ки маҳсулот муддати дароз бо сифати хуб нигоҳ дошта шавад. Гарчанде баъзе маҳсулот баъди об шудан каме нарм ё обдор мешаванд, вале қисми зиёди витаминҳо, мазза ва арзиши ғизоии онҳо нигоҳ дошта мешавад. Аз ин рӯ, ин тарз барои омода кардани захираи ғизои солим дар фасли зимистон хеле муфид мебошад. Яхкунонӣ, бастабандии герметикӣ, хушккунии барқӣ ва консервабарории дуруст на танҳо талафи маҳсулотро кам мекунад, балки дар фасли зимистон дастрасии оиларо ба ғизои солим, болаззат ва аз витаминҳо бой таъмин менамояд.
Таҳияи Фирӯза ШАРИПОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад






