Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати ҷониби Қазоқистон баргузор гардид, ҳамчунин ҳайатҳои Озарбойҷон, Эрон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Туркия, Узбекистон, инчунин Котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои рақамикунонӣ дар таъқиби ҷиноӣ, ҷиноятҳои киберӣ, аз ҷумла мубориза бо интернет-қаллобӣ, криптоасъорҳо ва иқтисоди пинҳон баррасӣ шуданд. Ҳамзамон масъалаҳои мубориза бо шабакаҳои муташаккили ҷиноятӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хариду фурӯши одамон, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа иштирокдорон барои мустаҳкам намудани ҳамкории амалӣ байни прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Созмон дар мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангии муассирро таъмин сохта, мубодилаи иттилоотро рушд диҳанд ва дар ташкили машғулиятҳои мавзуӣ, вохӯриҳо ва барномаҳои муштараки омӯзишӣ мусоидат намоянд.
Қарор дода шуд, ки ба тақвияти чораҳои минтақавӣ оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, қочоқи дороиҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, қочоқи инсон ва ҷиноятҳои киберӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Ҳамчунин иштирокдорон аҳамияти баланд бардоштани самаранокии ёрии ҳуқуқии мутақобила, фаъолгардонии мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва таъмини баргардонидани дороиҳоро таъкид намуда, барои муттаҳидсозии минбаъдаи кӯшишҳо ва амиқтар кардани шарикии ҳамаҷониба вазифагузорӣ намуданд.
Илова бар ин, қарор дода шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши касбии кормандони мақомоти прокуратура, аз ҷумла баргузории машғулиятҳои муштараки илмӣ-амалии махсусгардонидашуда ва дигар чорабиниҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мубодилаи таҷриба дар муайян кардан ва пешгирии қонуншиканиҳои экологӣ густариш дода шавад.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






