Қабули қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ

Сентябрь 1, 2026 07:00

ДУШАНБЕ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад.

Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад.

Интихоби 31 август аҳаммияти таърихӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд.

Эълон гардидани ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин ташаббус саҳми муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, мавқеи фаъоли кишварро дар истифодаи технологияҳои навин ба манфиати рушди устувор ва некӯаҳволии инсоният инъикос менамояд.

Сентябрь 1, 2026 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Бишкек сафар карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Норвегия Хокон VIII барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал Рам Чандра Паудел барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд