Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд

Сентябрь 25, 2026 16:36

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаи ҷараёни омодагӣ ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва риояи интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ баррасӣ гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишонаи масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти баланди миллии хизматчиёни ҳарбӣ арзёбӣ намуд.

Иброз гардид, ки даъвати шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ чорабинии муҳими давлатӣ ва сиёсӣ буда, он ҳамасола дар ду мавсим: баҳорӣ ва тирамоҳӣ баргузор карда мешавад. Бо мақсади иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» то ин ҷониб аз тарафи Вазорати мудофиа дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакт тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар ин замина ҳамкории комиссариатҳои ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандон, сохторҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Гуфта шуд, ки риояи интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҳайати шахсӣ, тақвияти ҳамкории судманд бо сохторҳои марбута, баргузории суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногуни ташвиқотию тарбиявӣ омили муҳими рушди соҳа ва бартараф гардидани камбудиҳои мавҷуда мебошанд.

Таъкид гардид, ки барои муоинаи дақиқ ва дурусти тиббӣ комиссияи даъватӣ аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ интихоб гардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои қабули даъватшавандагон дар ҷойҳои муайянгардида шароити мусоид фароҳам намоянд.

Баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонон, омӯзиши дақиқи захираҳои даъватӣ, вусъат бахшидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, беҳтар намудани вазъи гузаронидани дарсҳои дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буданд.

 

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2026 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид