Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид

Сентябрь 14, 2026 09:37

ДУШАНБЕ, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Прага зимни ҷаласаи солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва муҳитизистӣ қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод, ки 31 августи соли равон бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, муаррифӣ карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия иттилоъ доданд, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА Манучеҳр Ҷобир иброз намуд, ки қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои нав ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад. Он барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия

Сентябрь 14, 2026 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид