Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд

Сентябрь 16, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 16.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Меҳмонон дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор бо таъриху фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои фарҳангии Қалъаи бостонии Ҳисор шинос шуданд.

Сафари ҳайати Кумитаи кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябр оғоз гардида, то 17 сентябр идома меёбад. Он дар доираи рушди пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин барои тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти рушди устувори кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Сентябрь 16, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад